Криштиану Роналду ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкКриштиану Роналду, игрок сборной Португалия и нападающий "Ювентуса"
Криштиану Роналду, игрок сборной Португалия и нападающий Ювентуса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Обуна шудан
Устураи футболи ҷаҳон Криштиану Роналду дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мавсими 2023-2024 Лигаи қаҳрамонҳои AFC ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия барои мавсими 2023-2024 доир шуд, маълум шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Бар асоси қуръакашӣ, бошгоҳи футболи “Истиқлол” дар гурӯҳи “Е” дар сабқати Конфедератсияи футболи Осиё бозӣ мекунад.
Футболбозони бошгоҳи душанбегӣ бо намояндагони Эрон (тими "Персполис"), "Ал-Дуҳайл"-и Қатар ва дастаи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ менамоянд.
Тавре маълум аст, футболбози афсонавии Португалия Криштиану Роналду феълан дар бошгоҳи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.
Юношеская сборная Таджикистана обыграла Кыргызстан в чемпионате CAFA-2023 (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Наврасони тоҷик ҳамсолони қирғизашонро дар чемпионати CAFA шикаст доданд
Аллакай маълум аст, дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бозии якуми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар майдони худ бо тими "Ал-Дуҳайл"-и Қатар анҷом медиҳад.
Ин дидор рӯзи 18 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд
Қаблан маълум шуд, ки дастаи "Хуҷанд" дар бозии плей-оффи Ҷоми AFC - 2023/24 аз тими "Марв"-и Туркманистон шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, тими тоҷикистонӣ аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2023/24 маҳрум шуд.
Лентаи хабарҳо
0