https://sputnik.tj/20230824/jopon-partov-ob-nerugoh-hastaii-fukushima-uqyonus-1059022551.html
Ҷопон ба партови оби нерӯгоҳи ҳастаии "Фукушима-1" ба уқёнус шурӯъ кард
Ҷопон ба партови оби нерӯгоҳи ҳастаии "Фукушима-1" ба уқёнус шурӯъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар минтақа назорати радиатсионӣ ба моҳӣ ва дигар маҳсулоти баҳрии Ҷопон пурзӯр карда шуд, хабар медиҳад Раёсати Роспотребнадзор дар Приморе
2023-08-24T15:36+0500
2023-08-24T15:36+0500
2023-08-24T15:36+0500
япония
уқёнус
нерӯгоҳҳои барқию атомӣ
об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/18/1059016104_0:93:1280:813_1920x0_80_0_0_fee1c0449203cf6751e07867102a620d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Мақомоти Ҷопон тасмим гирифтанд, ки оби нерӯгоҳи ҳастаиии "Фукушима-1"- ро ба уқёнуси Ором резанд. Шабакаҳои телевизионии Ҷопон ин ҳодисаро мустақиман пахш карданд. Гуфта мешавад, ки оби ин истгоҳи барқи атомӣ аз моддаҳои радиоактивӣ чанд марҳила тоза карда шудааст. Дар он ҷо танҳо тритий боқӣ монд. Илова бар ин, ба гуфтаи раҳбарияти кишвар, обе, ки барои фаъолияти нерӯгоҳи барқи атомӣ истифода мешуд, бо оби баҳр маҳлул карда шудааст - аз ин рӯ, ба экосистема зараре намерасонад. Раҳосозии тадриҷии обанборҳо дар тӯли 30 сол давра ба давра ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло об ба воситаи қубурҳое, ки аз истогоҳ як километр дуртар аст, ба уқёнус дохил мешавад. Дар робита ба ин, ба РИА "Новости" дар шӯъбаи Роспотребнадзори минтақаи Приморе иттилоъ доданд, ки воридоти маҳсулот аз Ҷопон бодиққат назорат карда мешавад - онҳо барои мавҷудияти моддаҳои хатарнок тафтиш карда мешаванд. Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои фавқулода, партоби об аз нерӯгоҳи ҳастаии Ҷопон набояд ба минтақаҳои Русия осеб расонад.Ёдовар мешавем, ки Ҷопон аз соли 2013 роҳҳои холӣ кардани оби ин истгоҳро баррасӣ мекунад. Раҳбарияти кишвар дастур додааст, ки пас аз маҳлул кардани он ва ба 1,5 ҳазор беккерел дар як литр расондани консентратсияи тритий ба баҳр андохтани об оғоз шавад, ки ин аз меъёрҳои дар Ҷопон барои ба баҳр рехтани об, ки дар ҷараёни амалиёт ба даст оварда шудааст, 40 маротиба камтар аст. ки станцияхои электрикии атомй кор мекунанд. Ба иттилои вазорати саноати Ҷопон, радиактивии тритий дар 1 миллиону 250 ҳазор тонна оби ҷамъшуда дар нерӯгоҳи "Фукушима-1" 860 триллион беккерелро ташкил медиҳад. Пеш аз садама истгоҳи атомӣ ҳар сол ба обе, ки дар таркибаш 2,2 триллион беккерел тритий дорад, мепартофт.
https://sputnik.tj/20230714/ozmoish-mushak-jopon-tarkish-video-1058277312.html
япония
уқёнус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/18/1059016104_29:0:1166:853_1920x0_80_0_0_1ef2e741f284f65da11b1406ca5165b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷопон партов об нерӯгоҳи ҳастаии "фукушима-1" уқёнус
ҷопон партов об нерӯгоҳи ҳастаии "фукушима-1" уқёнус
Ҷопон ба партови оби нерӯгоҳи ҳастаии "Фукушима-1" ба уқёнус шурӯъ кард
Дар минтақа назорати радиатсионӣ ба моҳӣ ва дигар маҳсулоти баҳрии Ҷопон пурзӯр карда шуд, хабар медиҳад Раёсати Роспотребнадзор дар Приморе
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Мақомоти Ҷопон тасмим гирифтанд, ки оби нерӯгоҳи ҳастаиии "Фукушима-1"- ро ба уқёнуси Ором резанд.
Шабакаҳои телевизионии Ҷопон ин ҳодисаро мустақиман пахш карданд.
Гуфта мешавад, ки оби ин истгоҳи барқи атомӣ аз моддаҳои радиоактивӣ чанд марҳила тоза карда шудааст. Дар он ҷо танҳо тритий боқӣ монд.
Илова бар ин, ба гуфтаи раҳбарияти кишвар, обе, ки барои фаъолияти нерӯгоҳи барқи атомӣ истифода мешуд, бо оби баҳр маҳлул карда шудааст - аз ин рӯ, ба экосистема зараре намерасонад.
Раҳосозии тадриҷии обанборҳо дар тӯли 30 сол давра ба давра ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло об ба воситаи қубурҳое, ки аз истогоҳ як километр дуртар аст, ба уқёнус дохил мешавад.
Дар робита ба ин, ба РИА "Новости" дар шӯъбаи Роспотребнадзори минтақаи Приморе иттилоъ доданд, ки воридоти маҳсулот аз Ҷопон бодиққат назорат карда мешавад - онҳо барои мавҷудияти моддаҳои хатарнок тафтиш карда мешаванд.
Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои фавқулода, партоби об аз нерӯгоҳи ҳастаии Ҷопон набояд ба минтақаҳои Русия осеб расонад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷопон аз соли 2013 роҳҳои холӣ кардани оби ин истгоҳро баррасӣ мекунад.
Раҳбарияти кишвар дастур додааст, ки пас аз маҳлул кардани он ва ба 1,5 ҳазор беккерел дар як литр расондани консентратсияи тритий ба баҳр андохтани об оғоз шавад, ки ин аз меъёрҳои дар Ҷопон барои ба баҳр рехтани об, ки дар ҷараёни амалиёт ба даст оварда шудааст, 40 маротиба камтар аст. ки станцияхои электрикии атомй кор мекунанд.
Ба иттилои вазорати саноати Ҷопон, радиактивии тритий дар 1 миллиону 250 ҳазор тонна оби ҷамъшуда дар нерӯгоҳи "Фукушима-1" 860 триллион беккерелро ташкил медиҳад.
Пеш аз садама истгоҳи атомӣ ҳар сол ба обе, ки дар таркибаш 2,2 триллион беккерел тритий дорад, мепартофт.