Ҳангоми озмоиши мушаки "Эпсилон-С"-и сохти Ҷопон таркиш сурат гирифт – видео

Обуна шудан
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки таркиш ҳангоми озмоиши мушаки Epsilon-S-е, бо сӯхти сахт кор мекардааст дар як пойгоҳи Ҷопон рух дод
Ҳодиса тақрибан як дақиқа пас аз оғози санҷиш рух дод, хабар медиҳад РИА “Новости”.
Тавре қайд гардид, таркиш ҳангоми озмоиши муҳаррики мушаки Epsilon-S дар майдони озмоишии минтақаи Акита рух дод. Ҳодиса субҳи рӯзи ҷумъа тақрибан як дақиқа пас аз оғози санҷиш рух дод.
Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кайҳон ҳамкорӣ мекунанд
Аввалин партоби мушаке, бо чунин сӯхт дар соли 2013 сурат гирифт.
Дар охири соли 2016, партоби мушаки сеюм дар моҳи январи соли 2018 бомуваффақият анҷом ёфт, чорум дар моҳи январи соли 2019, панҷум - дар моҳи ноябр анҷом дода шуд. 2021. Аммо партоби "Эпсилон-6" бебарор анчом ёфт.
Агентии кайҳонии Ҷопон “JAXA” баъди қатъи алоқа бо мушак аз Замин сигнал фиристод, ки парвози мушакро муътадил созад, аммо нашуд ва ин ниҳод мушакро дар фазо нобуд кард.
Тасовири ҷолиби ситорае ба номи хуршед
Ҷопон мушаки хурдро мехоҳад бо мақсади тиҷорӣ, аз чумла барои баровардани моҳвораҳо кишварҳои пешрафта ба кайҳон, истифода кунад.
Лентаи хабарҳо
0