Ҳикматиёр ба толибҳо: мухолифат бо ҳизбҳо танишҳои қавмиро афзоиш медиҳад

© Sputnik / JAKГулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Обуна шудан
Раҳбари ҳизби исломӣ дар вокуниш ба манъи фаъолияти ҳизбҳо дар Афғонистон гуфтааст, мухолифат бо ҳизбҳо роҳро барои танишҳои қавмӣ ҳамвор месозад
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Раҳбари ҳизби исломӣ Гулбудини Ҳикматиёр дар вокуниш ба манъи фаъолияти ҳизбҳо дар Афғонистон аз сӯйи гурӯҳ толибон* гуфтааст, ки ҳизбҳои исломӣ барои иттиҳоди миллат ва уммат як заруранд ва мухолифат бо онҳо роҳро барои танишҳои қавмӣ ҳамвор месозад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба “Омоҷ”.
Ба иттилои манбаъ оқои Ҳикматиёр, ки ба давлати гузашта таслим шуд, дар платформи "икс" нигошта, ки ин ҳизбҳо сиёсӣ ва фикрӣ аст, ки аз ақвом миллат месозад ва аз миллатҳо уммат дунёшумул месозад.
Ҳикматёр афзудааст, ки ҳизбҳо ва миллатҳо ё бар асоси ормонҳои муқаддас эҷод мешавад ё ҳам бар асоси ормонҳои қавмӣ.
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Толибон: Ниёзе ба аҳзоби сиёсӣ дар Афғонистон нест
Ӯ таъкид кардааст, ки мухолифат бо ҳизбҳо роҳро барои танишҳои қавмӣ ҳамвор месозад.
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳафтаи гузаштаи вазири адлияи ҳукумати толибон гуфт, ташкили ҳизбҳои сиёсӣ "хилофи шаръ ва хости мардум"аст ва фаъолияти онҳо дар Афғонистон "мутлақан манъ" аст.
Абдулҳакими Шаръӣ, ки дар барномаи "ҳисобдиҳии давлат ба миллат" дар маркази расонаҳои толибон дар Кобул суҳбат мекард, гуфт: "таҷрибаи мо ва шумо собит карда, ки ҳар қадар, ки ин миллат табоҳ шуд, ягонаи иллаташ ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ будааст".
Оқои Шаръӣ, ки аз афроди наздик ба Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари толибон* аст, изофа кард: "ба ҳеҷ сурат ҷавози фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро намедиҳем ".
* - созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0