https://sputnik.tj/20230824/dar-tojikiston-az-imomkhatibon-khostand-baroi-jalbi-javonon-ba-artish-sahmguzor-boshand-1059015782.html
Дар Тоҷикистон аз имомхатибон хостанд барои ҷалби ҷавонон ба артиш саҳмгузор бошанд
Дар Тоҷикистон аз имомхатибон хостанд барои ҷалби ҷавонон ба артиш саҳмгузор бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси шаҳри Панҷакент ахиран эълон кардааст, ки барои ҷалби ҷавонон ба сафи артиши кишвар ходимони дин низ метавонанд саҳмгузор бошанд
2023-08-24T12:35+0500
2023-08-24T12:35+0500
2023-08-24T12:35+0500
дар тоҷикистон
имом хатиб
саҳми бузург
ҷалб
ҷавонон
аскарӣ
артиш
панҷакент
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/18/1059014970_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_6c02b603ef3bef14130ee2e36aca3efc.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ин масъала дар ҷаласа мақомоти шаҳри Панҷакент бо иштироки мутахассисони Ҷамоатҳоти деҳот ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳр мавриди муҳокима қарор гирифт.Дар ин ҷаласа муовини раиси шаҳр Санъат Тоҳирзода дар оғоз ҳозиринро бо муҳтавои пешниҳоди прокурори шаҳр дар бораи риояи талаботи Қонун ”Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шинос намуд.Сипас таъкид кард, ки дар иҷрои ин қонун, аз ҷумла, ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон ходимони дин низ бо истифода аз минбари масоҷид, сӯҳбат бо намозгузорон метавонанд саҳмгузор бошанд.“Барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ақоиди ифротӣ, талқини мазҳаби таҳамулгарои Имоми Аъзам, ки дӯст доштану хидмат кардан ба Ватанро ҷузъе аз имондорӣ меҳисобад, талош варзанд”, - таъкид кардааст мақомдорон.Ҳамчунин мақомот дар ин дидор рафти иҷрои Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар кишварро баррасӣ карданд.Дар ҷаласа таваҷҷӯҳи ҳозирин ба ҳодисаҳои риоя нашудани муқаррароти Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” ҷалб карда, аз онҳо талаб карда шуд, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир нанамоянд.
https://sputnik.tj/20230821/suporish-ijro-norozigi-raisi-panjakent-maqomdoron-1058958600.html
панҷакент
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/18/1059014970_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_9c56e9d4ed8748cf9b4a1c0d9e15a25d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, панҷакент, хизмат, аскарӣ, ҷалб, саҳмгузор, артиш, имомхатибон, саҳмгузор
тоҷикистон, панҷакент, хизмат, аскарӣ, ҷалб, саҳмгузор, артиш, имомхатибон, саҳмгузор
Дар Тоҷикистон аз имомхатибон хостанд барои ҷалби ҷавонон ба артиш саҳмгузор бошанд
Муовини раиси шаҳри Панҷакент ахиран эълон кардааст, ки барои ҷалби ҷавонон ба сафи артиши кишвар ходимони дин низ метавонанд саҳмгузор бошанд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ин масъала дар ҷаласа мақомоти шаҳри Панҷакент бо иштироки мутахассисони Ҷамоатҳоти деҳот ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳр мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ин ҷаласа муовини раиси шаҳр Санъат Тоҳирзода дар оғоз ҳозиринро бо муҳтавои пешниҳоди прокурори шаҳр дар бораи риояи талаботи Қонун ”Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шинос намуд.
Сипас таъкид кард, ки дар иҷрои ин қонун, аз ҷумла, ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон ходимони дин низ бо истифода аз минбари масоҷид, сӯҳбат бо намозгузорон метавонанд саҳмгузор бошанд.
“Барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ақоиди ифротӣ, талқини мазҳаби таҳамулгарои Имоми Аъзам, ки дӯст доштану хидмат кардан ба Ватанро ҷузъе аз имондорӣ меҳисобад, талош варзанд”, - таъкид кардааст мақомдорон.
Ҳамчунин мақомот дар ин дидор рафти иҷрои Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар кишварро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа таваҷҷӯҳи ҳозирин ба ҳодисаҳои риоя нашудани муқаррароти Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” ҷалб карда, аз онҳо талаб карда шуд, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир нанамоянд.