https://sputnik.tj/20230821/suporish-ijro-norozigi-raisi-panjakent-maqomdoron-1058958600.html
Супоришҳоро иҷро накарданд: Норозигии раиси шаҳри Панҷакент аз мақомдорон
Супоришҳоро иҷро накарданд: Норозигии раиси шаҳри Панҷакент аз мақомдорон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Панҷакент аз мақомдорон талаб кард, ки ба иҷрои супоришҳо бо камоли масъулият муносибат намуда, онҳоро дар мӯҳлати муайяншуда ба иҷро расонанд
2023-08-21T17:30+0500
2023-08-21T17:30+0500
2023-08-21T18:40+0500
дар тоҷикистон
суғд
панҷакент
мақомот
норозигӣ
супориш
иҷро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058958428_0:187:2048:1339_1920x0_80_0_0_52ad7862866917b86f20409bcd7d1857.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ин масъала ахиран дар маҷлиси назоратии ҳафтавори назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додааст.Ба иттилои манбаъ дар ин ҷаласа баъди шунидани гузориши мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр Хайринисо Фатҳуллозода дар бораи рафти иҷрои супоришҳои мақомоти болоии идоракунӣ, маҷлисҳои назоратии назди раиси шаҳр, дигар ҷаласаю машваратҳо, аз роҳбарони сохторҳои мақомоти шаҳр, шӯъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот талаб карда шуд, ки супоришҳоро сари вақт иҷро намоянд.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷаласаи назоратӣ рафти омодагӣ ба маъракаи даъвати ҷавонон ба хидматӣ ҳарбӣ баррасӣ шуд.Инчунин, гузориши мудири бахши сабти ҳолати шаҳрвандӣ Наргис Нодирӣ ва директори КВД “Об ва канализатсия” Зариф Абулхайров дар бораи фаъолияти ин муассисаҳо шунида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҳалли мушкилоти мавҷуда дастурҳои мушаххас дода шуд.
https://sputnik.tj/20230731/seli-kharobiovar-du-dehai-panjakent-1058550429.html
суғд
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058958428_221:0:2041:1365_1920x0_80_0_0_e652dd3155c16973e675dc3fe3b33a6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, панҷакент, супориш, норозигӣ, иҷро, масъулият, суғд
тоҷикистон, панҷакент, супориш, норозигӣ, иҷро, масъулият, суғд
Супоришҳоро иҷро накарданд: Норозигии раиси шаҳри Панҷакент аз мақомдорон
17:30 21.08.2023 (Навсозишуда: 18:40 21.08.2023) Раиси шаҳри Панҷакент аз мақомдорон талаб кард, ки ба иҷрои супоришҳо бо камоли масъулият муносибат намуда, онҳоро дар мӯҳлати муайяншуда ба иҷро расонанд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ин масъала ахиран дар маҷлиси назоратии ҳафтавори назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ин ҷаласа баъди шунидани гузориши мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр Хайринисо Фатҳуллозода дар бораи рафти иҷрои супоришҳои мақомоти болоии идоракунӣ, маҷлисҳои назоратии назди раиси шаҳр, дигар ҷаласаю машваратҳо, аз роҳбарони сохторҳои мақомоти шаҳр, шӯъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот талаб карда шуд, ки супоришҳоро сари вақт иҷро намоянд.
“Ба иҷрои супоришҳо бо камоли масъулият муносибат намуда, онҳоро дар мӯҳлати муайяншуда ба иҷро расонед”, - таъкид кард раиси шаҳри Панҷакент.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷаласаи назоратӣ рафти омодагӣ ба маъракаи даъвати ҷавонон ба хидматӣ ҳарбӣ баррасӣ шуд.
Инчунин, гузориши мудири бахши сабти ҳолати шаҳрвандӣ Наргис Нодирӣ ва директори КВД “Об ва канализатсия” Зариф Абулхайров дар бораи фаъолияти ин муассисаҳо шунида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҳалли мушкилоти мавҷуда дастурҳои мушаххас дода шуд.