https://sputnik.tj/20230824/briks-raqobat-nuqot-muhim-putin-nishasti-panjgona-1059023669.html
БРИКС бо касе рақобат намекунад: нуқоти муҳиме, ки Путин дар нишасти "панҷгона" гуфт
БРИКС бо касе рақобат намекунад: нуқоти муҳиме, ки Путин дар нишасти "панҷгона" гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия дар мулоқоти сарони кишварҳои БРИКС бо сарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои даъватшуда ва созмонҳо онлайнӣ ширкат мекунад
2023-08-24T16:00+0500
2023-08-24T16:00+0500
2023-08-24T16:00+0500
русия
владимир путин
сиёсат
брикс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058816631_0:149:3113:1900_1920x0_80_0_0_39a56e0232ce9af7db38496ff8fc34fb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. БРИКС бо касе рақобат намекунад ва кӯшиш намекунад ба касе муқобилат кунад ва тарафдори тартиботи нави бисёрқутбӣ мебошад. Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин тавассути онлайн дар нишасти муштараки раҳбарони БРИКС изҳор дошт. Сарвари Русия қайд кард, ки созмон инчунин ҷонибдори ҳифзи гуногунии марзҳои фарҳангии миллӣ ва имкони татбиқи моделҳои гуногуни рушд мебошад.Дар ҳамин ҳол ӯ изҳор дошт, ки як қатор кишварҳо бешармона миллатгароӣро сафеду тарғиб месозанд, бегонаситезӣ, ифротгароиро ба миён меоранду ба терроризм мусоидат мекунанд.Илова бар ин, Путин гуфт, ки мухолифони БРИКС талош доранд, низоми ҳуқуқи байналмилалиро бо қоидаҳои худ иваз кунанд. Ба гуфтаи вай, онҳо ин корро бо ҳадафҳои ғаразнок ва “тағйир додани мувофиқат ба вазъи кунунии сиёсӣ” мекунанд. "Ҳар вақт ва ҳар чӣ ки шумо мехоҳед, мувофиқи манфиатҳои кишварҳои алоҳида. Аслан, ин ҳамон мустамликадорӣ аст, танҳо дар бастаи нав", - таъкид кард Путин. Раҳбари Русия ҳамчунин гуфт, Маскав ҳама корро мекунад, то аз буҳрони ғизоӣ дар Африқо ва ҷаҳон ҷилавгирӣ кунад. "Кишвари мо ба масъалаҳои таъмини кишварҳои Африқо ва умуман бозорҳои ҷаҳонӣ бо ғизо ва нуриҳои минералӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад", - гуфт Путин. Нишасти БРИКС рӯзҳои 22-24 август дар Йоханнесбург баргузор мешавад, ки дар он раҳбарони Чин, Ҳинд, Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ ва Русияро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров намояндагӣ мекунанд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ин нишаст тавассути онлайнӣ ширкат мекунад.
https://sputnik.tj/20230823/putin-nishast-saroni-kishvar-briks-video-1058996512.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058816631_192:0:2923:2048_1920x0_80_0_0_4f8d9fa3bebb6b36fed5e0fd875f884e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
брикс рақобат путин нишасти "панҷгона"
брикс рақобат путин нишасти "панҷгона"
БРИКС бо касе рақобат намекунад: нуқоти муҳиме, ки Путин дар нишасти "панҷгона" гуфт
Раисиҷумҳури Русия дар мулоқоти сарони кишварҳои БРИКС бо сарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои даъватшуда ва созмонҳо онлайнӣ ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. БРИКС бо касе рақобат намекунад ва кӯшиш намекунад ба касе муқобилат кунад ва тарафдори тартиботи нави бисёрқутбӣ мебошад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин тавассути онлайн дар нишасти муштараки раҳбарони БРИКС изҳор дошт.
"Ин раванди объективӣ, раванди эҷоди низоми нави ҷаҳонӣ, то ҳол мухолифони оштинопазир доранд, ки мехоҳанд ин равандро суст кунанд, аз пайдоиши марказҳои нави мустақили рушд ва нуфуз дар ҷаҳон ҷилавгирӣ кунанд",- гуфт Путин.
Сарвари Русия қайд кард, ки созмон инчунин ҷонибдори ҳифзи гуногунии марзҳои фарҳангии миллӣ ва имкони татбиқи моделҳои гуногуни рушд мебошад.
Дар ҳамин ҳол ӯ изҳор дошт, ки як қатор кишварҳо бешармона миллатгароӣро сафеду тарғиб месозанд, бегонаситезӣ, ифротгароиро ба миён меоранду ба терроризм мусоидат мекунанд.
Илова бар ин, Путин гуфт, ки мухолифони БРИКС талош доранд, низоми ҳуқуқи байналмилалиро бо қоидаҳои худ иваз кунанд.
“Кишварҳои ба истилоҳ “миллиардҳои тиллоӣ” ҳама корро мекунанд, то ҷаҳони собиқи якқутбиро ҳифз кунанд, ин ба онҳо мувофиқ аст, барои онҳо судманд аст”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, онҳо ин корро бо ҳадафҳои ғаразнок ва “тағйир додани мувофиқат ба вазъи кунунии сиёсӣ” мекунанд.
"Ҳар вақт ва ҳар чӣ ки шумо мехоҳед, мувофиқи манфиатҳои кишварҳои алоҳида. Аслан, ин ҳамон мустамликадорӣ аст, танҳо дар бастаи нав", - таъкид кард Путин.
Раҳбари Русия ҳамчунин гуфт, Маскав ҳама корро мекунад, то аз буҳрони ғизоӣ дар Африқо ва ҷаҳон ҷилавгирӣ кунад.
"Кишвари мо ба масъалаҳои таъмини кишварҳои Африқо ва умуман бозорҳои ҷаҳонӣ бо ғизо ва нуриҳои минералӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад", - гуфт Путин.
Нишасти БРИКС рӯзҳои 22-24 август дар Йоханнесбург баргузор мешавад, ки дар он раҳбарони Чин, Ҳинд, Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ ва Русияро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров намояндагӣ мекунанд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ин нишаст тавассути онлайнӣ ширкат мекунад.