Русия беш аз 1,5 ҳазор тон ғизои ғанигардонидашударо ба мактаббачаҳои Суғд дод

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкХлебобулочное предприятие
Хлебобулочное предприятие  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Обуна шудан
Ҳаҷми умумии кумаки Русия дар шакли маводи ғизоӣ барои муаҳссилини мактабҳои Тоҷикистон дар соли равон ба 4,5 ҳазор тонна баробар гардид
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дипломатҳои Русия дар шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) барои мактаббачаҳои шимоли Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор тонна маводи ғизоӣ супурданд.
Дар ин бора консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд иттилоъ дода, афзуд, ки орди ироашуда бо витаминҳо ғанигардонидашуда мебошад.
Зикр шуд, ки кӯмаки ғизоии Русия, аз ҷумла,1350 тонна орди гандумии бо витаминҳо ғанигардонидашуда , 135 тонна нахӯд ва 61 тонна равғани растаниро дар бар мегирад.
Таъмини озуқаворӣ дар доираи барномаи ғизои мактабии WFP амалӣ мешавад, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мегардад.
Школьники на форуме государств – участников СНГ Дети Содружества - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Мактаббачаҳои Тоҷикистон дар форуми ИДМ дар бораи одатҳои миллӣ хоҳанд гуфт
Қаблан сафорати Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки таъмини ғизо дар пойтахт низ амалӣ шуда истодааст.
Ба иттилои сафорат, ҳаҷми умумии кӯмаки ғизоӣ аз Русия дар соли ҷорӣ ба 4,5 ҳазор тонна расидааст.
Дар умум Русия аз соли 2013 инҷониб бузургтарин барномаи ғизои мактабҳо дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад ва то кунун бо ин мақсад зиёда аз 86 млн доллар равона намудаст.
Дар доираи ин барнома ҳудуди 450 ҳазор хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар 52 ноҳияи ҷумҳурӣ бо ғизои гарм таъмин мешаванд. Ҳамчунин, дар доираи ин барнома 50 ошхонаи мактабӣ бо гармхонаҳо ва нонвойхонаҳо муҷаҳҳаз гардонда шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0