https://sputnik.tj/20230623/maktabbachahoi-tojikiston-forumi-idm-odatho-milli-1057882658.html
Мактаббачаҳои Тоҷикистон дар форуми ИДМ дар бораи одатҳои миллӣ хоҳанд гуфт
Мактаббачаҳои Тоҷикистон дар форуми ИДМ дар бораи одатҳои миллӣ хоҳанд гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин ҳамоиш, мактаббачагони тоҷику ҳамчунин наврасон аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд
2023-06-23T18:59+0500
2023-06-23T18:59+0500
2023-06-23T18:59+0500
дар тоҷикистон
маориф
идм
ҳамкорӣ
мактаббачагон
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/17/1057873100_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_414e01206eca5189d9d092e44c96a9b9.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июнь — Sputnik. Дар урдугоҳи бачагонаи “Симурғ”-и вилояти Тошканди Ӯзбекистон ҳаштумин анҷумани байналмилалии фарҳангиву маърифатии кишварҳои узви ИДМ "Кӯдакони Иттиҳод" ифтитоҳ ёфт.Дар ин бора дафтари матбуоти котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.Дар ин чорабинӣ, ки аз 21 то 30 июн идома меёбад, мактаббачагони тоҷик ширкат иштирок намуда истодаанд. Ба ҷуз наврасони тоҷик, мактаббачаҳо аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар ин ҳамоиш ширкат доранд.Имсол шиори ин ҳамоиш "Фарзандони Иттиҳод" аст: пайванди ногусастании замонҳо ва наслҳо.Барои мактаббачагон дар ин ҳамоиш экскурсияҳо, намоишгоҳҳо, дарсҳои маҳорат, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои фикрӣ, машғулиятҳои тарбиявӣ, чемпионати мусиқӣ, шабҳои назм, намоиши сирк, намоиши филмҳо, дискотекаҳо ва ғайра гузаронда мешаванд.Ҳамзамон, тавре созмондиҳандагон қайд мекунанд, ҳадафи асосии лоиҳа эҷоди як платформаи байналмилалӣ барои тарбияи кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ мебошад.Форуми кӯдакони Иттиҳод аз соли 2013 ҳамасола баргузор мешавад. Дар давоми мавҷудияти он дар маҷмӯъ беш аз 700 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд.
https://sputnik.tj/20230623/shuro-amniyat-rusiya-idm-tahdid-gharb-1057876882.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/17/1057873100_258:0:1218:720_1920x0_80_0_0_872b05683dc931867394b9103a197453.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, идм, мактаббачаҳо, одат, миллӣ, муаррифӣ, ҳамкорӣ, истироҳат, ӯзбекистон
тоҷикистон, идм, мактаббачаҳо, одат, миллӣ, муаррифӣ, ҳамкорӣ, истироҳат, ӯзбекистон
Мактаббачаҳои Тоҷикистон дар форуми ИДМ дар бораи одатҳои миллӣ хоҳанд гуфт
Дар ин ҳамоиш, мактаббачагони тоҷик, ҳамчунин наврасон аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд
ДУШАНБЕ, 23 июнь — Sputnik. Дар урдугоҳи бачагонаи “Симурғ”-и вилояти Тошканди Ӯзбекистон ҳаштумин анҷумани байналмилалии фарҳангиву маърифатии кишварҳои узви ИДМ "Кӯдакони Иттиҳод" ифтитоҳ ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.
Дар ин чорабинӣ, ки аз 21 то 30 июн идома меёбад, мактаббачагони тоҷик ширкат иштирок намуда истодаанд. Ба ҷуз наврасони тоҷик, мактаббачаҳо аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар ин ҳамоиш ширкат доранд.
Имсол шиори ин ҳамоиш "Фарзандони Иттиҳод" аст: пайванди ногусастании замонҳо ва наслҳо.
"Дар рӯзи аввали форум муаррифии таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Ӯзбакистон баргузор шуд. Дар тӯли 9 рӯзи оянда ҳар як ҳайат анъанаву расм ва оинҳои миллии кишвари худро муаррифӣ хмекунад", — иттилоъ додааст ташкилкунандагони ин чорабинӣ.
Барои мактаббачагон дар ин ҳамоиш экскурсияҳо, намоишгоҳҳо, дарсҳои маҳорат, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои фикрӣ, машғулиятҳои тарбиявӣ, чемпионати мусиқӣ, шабҳои назм, намоиши сирк, намоиши филмҳо, дискотекаҳо ва ғайра гузаронда мешаванд.
Ҳамзамон, тавре созмондиҳандагон қайд мекунанд, ҳадафи асосии лоиҳа эҷоди як платформаи байналмилалӣ барои тарбияи кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ мебошад.
Форуми кӯдакони Иттиҳод аз соли 2013 ҳамасола баргузор мешавад. Дар давоми мавҷудияти он дар маҷмӯъ беш аз 700 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд.