https://sputnik.tj/20230823/putin-hamkori-briks-iqtisod-jahoni-musoidat-1058990110.html
Путин: Ҳамкории БРИКС ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунад
Путин: Ҳамкории БРИКС ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия Владимир Путин дар нишасти сарони БРИКС, ки 22 августи соли равон оғоз шуд, иштирок кард
2023-08-23T13:09+0500
2023-08-23T13:09+0500
2023-08-23T19:48+0500
русия
дар русия
брикс
иқтисод
владимир путин
эҳё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/17/1058986386_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cb9e8862d2efead5c8aa46fec5d05997.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Рушди равобити кишварҳои узви БРИКС барои беҳбуди вазъи иқтисодии ҷаҳон хеле муҳим аст.Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни суханрониаш ба таври маҷозӣ изҳор дошт.Президенти Русия гуфт, ҳамкориҳои БРИКС боиси эҳёи иқтисод, инчунин ҳалли мушкилоти камбизоатӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва ҳалли мушкилоти амнияти озуқаворӣ мегардад.Вай ёдовар шуд, ки додугирифти Русия бо кишварҳои узви БРИКС ба 230 млрд доллар расидааст.Ба гуфтаи вай, иқтисоди панҷ кишвар аз рӯи тавозуни қобилияти харидорӣ аз кишварҳои G7 болотар аст.Саҳми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии БРИКС, ки беш аз 3 млрд нафар аҳолӣ дорад, қариб 26 фоизро ташкил дод, ки беш аз чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон аст.Ба гуфтаи вай, дар чаҳорчӯби БРИКС раванди фаъоли долларзудоӣ ҷараён дорад ва ба ин тартиб, ҳиссаи доллар дар муомилоти мутақобила ҳамагӣ 28,7% ташкил медиҳад.Путин ваъда дод, ки Русия як таъминкунандаи боэътимоди ғизо ба Африқо боқӣ хоҳад монд.Аз ин табодули коло дар нимаи аввали соли 2023, ки 60% фоиз афзоиш ёфтааст ва ба 6,7 млрд доллар расидааст шаҳодат медиҳад.Вай инчунин ба 6 кишвари китъаи Африка бобати бепул фиристодани 25—50 хазор тонна галла хабар дод. Музокирот дар ин бора, ба гуфтаи Путин, дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.Путин ба мавзуи ширкати Русия дар созишномаи ғалла ёдрас шуд ва таъкид кард, ки кишвар барои аз сар гирифтани он омода аст, аммо танҳо пас аз иҷрои тамоми шартҳои гузоштаи кишвараш.Рӯзи чоршанбе, 23 август, ин ҳамоиш ба кори худ идома медиҳад, ки яке аз масоил, ки ширкаткунандагонро баррасӣ мекунанд, мавзӯи тавсеаи БРИКС хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20230822/sukhanroni-putin-nishast-briks-pakhsh-onlayn-1058976582.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/17/1058986386_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_62ea91939cf83f00e2024ad5efe9e6e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, брикс, эҳё, иқтисод, ҷаҳон, владимир путин, нишаст,
русия, брикс, эҳё, иқтисод, ҷаҳон, владимир путин, нишаст,
Путин: Ҳамкории БРИКС ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунад
13:09 23.08.2023 (Навсозишуда: 19:48 23.08.2023) Раҳбари Русия Владимир Путин дар нишасти сарони БРИКС, ки 22 августи соли равон оғоз шуд, иштирок кард
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Рушди равобити кишварҳои узви БРИКС барои беҳбуди вазъи иқтисодии ҷаҳон хеле муҳим аст.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни суханрониаш ба таври маҷозӣ изҳор дошт.
Президенти Русия гуфт, ҳамкориҳои БРИКС боиси эҳёи иқтисод, инчунин ҳалли мушкилоти камбизоатӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва ҳалли мушкилоти амнияти озуқаворӣ мегардад.
Вай ёдовар шуд, ки додугирифти Русия бо кишварҳои узви БРИКС ба 230 млрд доллар расидааст.
“Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, табодули коло 35,6% афзоиш ёфта, ба 134,7 миллиард доллар расид", гуфт Путин.
Ба гуфтаи вай, иқтисоди панҷ кишвар аз рӯи тавозуни қобилияти харидорӣ аз кишварҳои G7 болотар аст.
"Пешгӯӣ барои соли равон 31,5% дар муқобили 30% аст", - таъкид кард раҳбари Русия.
Саҳми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии БРИКС, ки беш аз 3 млрд нафар аҳолӣ дорад, қариб 26 фоизро ташкил дод, ки беш аз чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон аст.
Ба гуфтаи вай, дар чаҳорчӯби БРИКС раванди фаъоли долларзудоӣ ҷараён дорад ва ба ин тартиб, ҳиссаи доллар дар муомилоти мутақобила ҳамагӣ 28,7% ташкил медиҳад.
Путин ваъда дод, ки Русия як таъминкунандаи боэътимоди ғизо ба Африқо боқӣ хоҳад монд.
Аз ин табодули коло дар нимаи аввали соли 2023, ки 60% фоиз афзоиш ёфтааст ва ба 6,7 млрд доллар расидааст шаҳодат медиҳад.
Вай инчунин ба 6 кишвари китъаи Африка бобати бепул фиристодани 25—50 хазор тонна галла хабар дод. Музокирот дар ин бора, ба гуфтаи Путин, дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.
Путин ба мавзуи ширкати Русия дар созишномаи ғалла ёдрас шуд ва таъкид кард, ки кишвар барои аз сар гирифтани он омода аст, аммо танҳо пас аз иҷрои тамоми шартҳои гузоштаи кишвараш.
Рӯзи чоршанбе, 23 август, ин ҳамоиш ба кори худ идома медиҳад, ки яке аз масоил, ки ширкаткунандагонро баррасӣ мекунанд, мавзӯи тавсеаи БРИКС хоҳад буд.