https://sputnik.tj/20230822/sughd-qarib-hazor-olim-donishjuyon-dars-1058971838.html
Дар Суғд қариб ҳазор олим ба донишҷӯён дарс медиҳанд
Дар Суғд қариб ҳазор олим ба донишҷӯён дарс медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмуъ дар муассисаҳои таълимии олӣ ва касбии шимоли Тоҷикистон қариб 4 ҳазор нафар устодон дар бахшҳои мухталиф бо донишҷӯён кор мекунанд
2023-08-22T14:25+0500
2023-08-22T14:25+0500
2023-08-22T20:16+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
суғд
таҳсил
иштирок
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054504073_518:0:2680:1216_1920x0_80_0_0_fc2fc587e443dae6e2474162b377417c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар соли хониши 2022-2023 дар вилояти Суғд 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 21 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият кард. Дар ин бора зимни ҷаласа бо иштироки роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маорифу илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода иттилоъ дода шуд. Таъкид гардид, ки дар умум муассисаҳои олию касбии вилоят зиёда аз 66 ҳазор нафар донишҷӯёнро бо таълим фаро гирифтаанд. Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд афзуд, ки дар ин муассисаҳо наздики 3,9 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд, ки чоряки онҳо дорои унвонҳои илмӣ мебошад. "Аз онҳо 120 нафар профессору доктори илм ва 845 нафар номзади илм аз рӯи 120 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки нақши донишҷӯёни Суғд дар самти иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас мебошад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ 16 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ, 67 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва 104 нафар ғолиби озмунҳои вилоятӣ гардиданд, таъкид шудаст дар ҷаласа. Раиси вилояти Суғд ба масъулин таъкид намуд, ки шароити мактабҳо дар шимоли ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар гардонида шаванд.
https://sputnik.tj/20230807/viloyati-sugd-norasoii-kadrho-maktab-bartaraf-1058692981.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054504073_788:0:2409:1216_1920x0_80_0_0_3d94b058ababd1d60e72fd088e494e44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, вазъ, донишгоҳ, суғд, таҳсил, донишҷӯ
шарҳ, вазъ, донишгоҳ, суғд, таҳсил, донишҷӯ
Дар Суғд қариб ҳазор олим ба донишҷӯён дарс медиҳанд
14:25 22.08.2023 (Навсозишуда: 20:16 22.08.2023) Дар маҷмӯъ дар муассисаҳои таълимии олӣ ва касбии шимоли Тоҷикистон қариб 4 ҳазор нафар устодон дар бахшҳои мухталиф бо донишҷӯён кор мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар соли хониши 2022-2023 дар вилояти Суғд 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 21 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият кард.
Дар ин бора зимни ҷаласа бо иштироки роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маорифу илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар умум муассисаҳои олию касбии вилоят зиёда аз 66 ҳазор нафар донишҷӯёнро бо таълим фаро гирифтаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд афзуд, ки дар ин муассисаҳо наздики 3,9 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд, ки чоряки онҳо дорои унвонҳои илмӣ мебошад.
"Аз онҳо 120 нафар профессору доктори илм ва 845 нафар номзади илм аз рӯи 120 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки нақши донишҷӯёни Суғд дар самти иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас мебошад.
Аз ҷумла, соли ҷорӣ 16 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ, 67 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва 104 нафар ғолиби озмунҳои вилоятӣ гардиданд, таъкид шудаст дар ҷаласа.
Раиси вилояти Суғд ба масъулин таъкид намуд, ки шароити мактабҳо дар шимоли ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар гардонида шаванд.