Ҳушдори обуҳавошиносон аз сар задани сел дар бархе навоҳии кишвар

© КҲФСел дар Тоҷикистон
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Обуна шудан
Обуҳавошиносони тоҷик ҳушдор додаанд, ки имкон дорад ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ сар занад
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ дошта аз эҳтимол дур нест.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбандаву бебориш мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22 дараҷа гарм, рӯзона то 35 дараҷа, дар шарқи вилоят, рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳам ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 22 дараҷа гарм, рӯзона то 38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 8 то 13 дараҷа гарм, рӯзона то 29 дараҷа гарм мешавад.
Сел дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
КҲФ аз зарари сел ба сокинони ноҳияи Айнӣ гуфт
Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Хатлон бошад ҳаво камабру бебориш мешавад Ҳаво дар водиҳо шабона то 23 дараҷа гарм, рӯзона то 40 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар доманакӯҳҳо ҳаво як каме сардтар то 20 дараҷа ва рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 21 дараҷа ва рӯзона то 37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 16 дараҷа ва рӯзона то 34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабру бебориш мешавад. Ҳаво шабона то 20 дараҷа ва рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0