https://sputnik.tj/20230731/khf-hisobi-zarari-sel-sokinon-nohiyai-ayni-sitod-1058546194.html
КҲФ аз зарари сел ба сокинони ноҳияи Айнӣ гуфт
КҲФ аз зарари сел ба сокинони ноҳияи Айнӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи Ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айниро идома доранд
2023-07-31T13:50+0500
2023-07-31T13:50+0500
2023-07-31T13:50+0500
дар тоҷикистон
кҳф
сел
офати табиӣ
суғд
кӯмак
айнӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058546027_0:0:449:253_1920x0_80_0_0_537beb12cb693af6b83c5733194479c1.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Комиссияи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари офати табиӣ – сел, ки 28 июл сар зад, 161 хонавода осеб диданд.Ба иттилои манбаъ, дар ин минтақа бар асари сел 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, ба 64 иншооти ёрирасон қисман осеб расонида, ҳамчунин 81 замини наздиҳавлигӣ зери об мондааст.Тибқи иттилои КҲФ-и Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ноҳияи Айнӣ зиёда аз 200 нафар сокинони деҳа ва техника барои расонидани кӯмак ба оилаҳои зарардида, инчунин тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаву роҳҳои деҳаи Урметан аз гилу санг сафарбар карда шуданд.Ба иттило КҲФ дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметан бо ҷалби 5 адад техника ва 270 нафар сокинони деҳот роҳҳои байнидеҳавӣ, селроҳа ва биноҳои истиқоматӣ аз гилу санг тоза карда шуданд. Ҳамчун ёрии таъҷилӣ ба оилаҳои осебдидаи ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон расонида шуд. Мақомоти шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд барои аҳолии осебдида маводи ғизоӣ - орд, биринҷ, равғани растанӣ, макарон, гӯшти гов, тарбузу харбуза - ва дигар мавод, аз ҷумла як кампал ҷудо ва дастрас намуданд. Дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти ноҳияи Айнӣ дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии КҲФ ва мақомоти вилояти Суғд барои ҳисоби маблағи зарар ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ Ситод ташкил кардаанд.
https://sputnik.tj/20230713/suporishi-raisi-vmkb-khona-sokinon-ofati-tabi-zarardida-1058250004.html
суғд
айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058546027_41:0:441:300_1920x0_80_0_0_e9c11d091af068c8e86f8876f9847896.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сел, офати табиӣ, урметан, суғд, айнӣ, кҳф
тоҷикистон, сел, офати табиӣ, урметан, суғд, айнӣ, кҳф
КҲФ аз зарари сел ба сокинони ноҳияи Айнӣ гуфт
Кумитаи Ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айниро идома доранд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Комиссияи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари офати табиӣ – сел, ки 28 июл сар зад, 161 хонавода осеб диданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин минтақа бар асари сел 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, ба 64 иншооти ёрирасон қисман осеб расонида, ҳамчунин 81 замини наздиҳавлигӣ зери об мондааст.
Тибқи иттилои КҲФ-и Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ноҳияи Айнӣ зиёда аз 200 нафар сокинони деҳа ва техника барои расонидани кӯмак ба оилаҳои зарардида, инчунин тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаву роҳҳои деҳаи Урметан аз гилу санг сафарбар карда шуданд.
“Аз 29 июли соли равон 3 нуқтаи таъмини оби нӯшокӣ барқарор карда шуда, аҳолӣ пурра бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Ба иттило КҲФ дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметан бо ҷалби 5 адад техника ва 270 нафар сокинони деҳот роҳҳои байнидеҳавӣ, селроҳа ва биноҳои истиқоматӣ аз гилу санг тоза карда шуданд.
Ҳамчун ёрии таъҷилӣ ба оилаҳои осебдидаи ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон расонида шуд.
Мақомоти шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд барои аҳолии осебдида маводи ғизоӣ - орд, биринҷ, равғани растанӣ, макарон, гӯшти гов, тарбузу харбуза - ва дигар мавод, аз ҷумла як кампал ҷудо ва дастрас намуданд.
Дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти ноҳияи Айнӣ дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии КҲФ ва мақомоти вилояти Суғд барои ҳисоби маблағи зарар ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ Ситод ташкил кардаанд.