https://sputnik.tj/20230822/tojikiston-chin-korkhona-istehsol-moshin-nuri-million-megirad-1058978705.html
Тоҷикистон аз Чин барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошин ва нуриҳо садҳо миллион $ мегирад
Тоҷикистон аз Чин барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошин ва нуриҳо садҳо миллион $ мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Калонтарин созишномаро ширкати "Осиё Кемикал"-и ҷумҳурӣ, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ сари кор дорад, ба даст овардааст, то иқтидорашро бештар гардонад
2023-08-22T17:28+0500
2023-08-22T17:28+0500
2023-08-22T20:05+0500
дар тоҷикистон
чин
ҳамкорӣ
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/32/1024183235_1:0:2613:1469_1920x0_80_0_0_a7c11d2273b9d942e5e6df089596fab6.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин ба арзиши беш аз 400 миллион доллар созишномаҳои ҳамкорӣ бастаанд.Маросими баимзорасии созишҳо дар ҳошияи сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Чин сурат гирифтааст.Дар ин бора дафтари матбуоти МНМОТ хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, калонтарин созишномаро ширкати "Осиё Кемикал"-и ҷумҳурӣ, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ сари кор дорад, ба даст овардааст.Ҳамин тариқ созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Азот"-и Тоҷикистон, ки моликаш "Осиё Кемикал" ва ширкати "Рунҷонг Холдинг Групп"-и чинӣ барои навсозӣ ба имзо расидааст.Маблағи шартнома 50 млн доллар буда, дар доираи он қарор аст дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар "Азот" то ба 180 ҳазор тонна расонида шавад.Ҳамчунин, миёни "Осиё Кемикал"-и ва ширкати "Рунҷонг Холдинг Групп" оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, созишнома имзо шудааст.Маблағи ин тарҳ 300 млн доллар арзёббӣ мешавад.Инчунин ҶДММ "Авесто Гурӯҳ"-и Тоҷикистон барои бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар кишвар бо ширкати "Джинчуен"-и Чин шарнома бастааст.Маблағи шартнома 25 млн доллар буда, дар пайи амалисозии он қарор аст солона дар Тоҷикистон 1500 худрави барқӣ истеҳсол шавад.Корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодаи маркази логистикӣ дар ҳудуди ҷумҳуриро қарор аст ширкати "Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd." сармоягузорӣ кунад.Бо ин мақсад ҶДММ "Мармарӣ"-и Тоҷикистон бо он ба арзиши 26 млн доллар шартнома бастааст.
https://sputnik.tj/20230821/imzoi-sozishnomahoi-nav-va-davati-maqomoti-chin-ba-dushanbe-1058965977.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/32/1024183235_327:0:2286:1469_1920x0_80_0_0_cb9034d724a384099e0aaab2be20669d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон чин бунёд корхона истеҳсол мошин нуриҳо пул
тоҷикистон чин бунёд корхона истеҳсол мошин нуриҳо пул
Тоҷикистон аз Чин барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошин ва нуриҳо садҳо миллион $ мегирад
17:28 22.08.2023 (Навсозишуда: 20:05 22.08.2023) Калонтарин созишномаро ширкати "Осиё Кемикал"-и ҷумҳурӣ, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ сару кор дорад, ба даст овардааст, то иқтидорашро бештар гардонад
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин ба арзиши беш аз 400 миллион доллар созишномаҳои ҳамкорӣ бастаанд.
Маросими баимзорасии созишҳо дар ҳошияи сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Чин сурат гирифтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти МНМОТ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, калонтарин созишномаро ширкати "Осиё Кемикал"-и ҷумҳурӣ, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ сари кор дорад, ба даст овардааст.
Ҳамин тариқ созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Азот"-и Тоҷикистон, ки моликаш "Осиё Кемикал" ва ширкати "Рунҷонг Холдинг Групп"-и чинӣ барои навсозӣ ба имзо расидааст.
Маблағи шартнома 50 млн доллар буда, дар доираи он қарор аст дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар "Азот" то ба 180 ҳазор тонна расонида шавад.
Ҳамчунин, миёни "Осиё Кемикал"-и ва ширкати "Рунҷонг Холдинг Групп" оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, созишнома имзо шудааст.
Маблағи ин тарҳ 300 млн доллар арзёббӣ мешавад.
Инчунин ҶДММ "Авесто Гурӯҳ"-и Тоҷикистон барои бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар кишвар бо ширкати "Джинчуен"-и Чин шарнома бастааст.
Маблағи шартнома 25 млн доллар буда, дар пайи амалисозии он қарор аст солона дар Тоҷикистон 1500 худрави барқӣ истеҳсол шавад.
Корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодаи маркази логистикӣ дар ҳудуди ҷумҳуриро қарор аст ширкати "Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd." сармоягузорӣ кунад.
Бо ин мақсад ҶДММ "Мармарӣ"-и Тоҷикистон бо он ба арзиши 26 млн доллар шартнома бастааст.