https://sputnik.tj/20230821/chin-briks-raqibi-didan-1058945856.html
Чин БРИКС-ро рақиби G7 дидан мехоҳад
Чин БРИКС-ро рақиби G7 дидан мехоҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ раҳбарони ҳукуматҳои беш аз 60 кишвари ҷаҳонро ба ҳамоиши байналмилалии сарони БРИКС дар кишвараш даъват кардаст
2023-08-21T13:25+0500
2023-08-21T13:25+0500
2023-08-21T19:31+0500
дар ҷаҳон
чин
брикс
африқо
аъзо
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056547771_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_349c00526d442b2d32385577633c4116.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Чин ният дорад, ки ба кишварҳои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) пешниҳод кунад, ки паймонро ба як рақиби комилҳуқуқи геополитикии G7 табдил диҳанд.Дар ин бора рӯзномаи амрикоии Financial Times бо истинод ба намояндаи Чин, ки нахостаст, номаш зикр шавад, хабар додааст.Ҳамин тавр, сарони кишварҳои узви БРИКС дар нишасте, ки рӯзҳои 22-24 август дар Йоҳаннесбург баргузор мешавад, барои нахустин бор дар 10 соли ахир дар мавриди густариши иттиҳод тасмим хоҳанд гирифт. Сиёсатмадори чинӣ дар мусоҳиба бо нашрия гуфтааст, ки дар сурати тавсеаи иттиҳод бо ҳиссаи ММД-и ҷаҳонӣ, ки дар G7 аст, садои дастаҷамъии вай қавитар мешавад.Дар ҳамин ҳол, Чин ва Ҳинд наметавонанд мувофиқа кунанд, ки баъди тавсеаи созмон чӣ иқдомро пеш гиранд. Дар зимн масъалае пайдо шуд, ки оё БРИКС тамоми нерӯяшро ба кишварҳои рӯй ба рушд равона созад ё тавоноии сиёсияшро тақвият бахшад, то кишварҳои Ғарбро ба чолиш кашад. Қаблан Чин изҳор дошт, ки тавсеаи созмонро ҷонибдорӣ мекунад ва хоҳони вуруди давлатҳои нав ба ҳайси аъзо ба ин созмон мебошад. БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.
https://sputnik.tj/20230719/briks-metavonad-kishvarro-faro-1058341692.html
чин
африқо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056547771_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2b60b1522af1353283b841ae551a15e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, брикс, нақша, африқо, ҷанубӣ
чин, брикс, нақша, африқо, ҷанубӣ
Чин БРИКС-ро рақиби G7 дидан мехоҳад
13:25 21.08.2023 (Навсозишуда: 19:31 21.08.2023) Раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ раҳбарони ҳукуматҳои беш аз 60 кишвари ҷаҳонро ба ҳамоиши байналмилалии сарони БРИКС дар кишвараш даъват кардаст
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Чин ният дорад, ки ба кишварҳои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) пешниҳод кунад, ки паймонро ба як рақиби комилҳуқуқи геополитикии G7 табдил диҳанд.
Дар ин бора рӯзномаи амрикоии Financial Times бо истинод ба намояндаи Чин, ки нахостаст, номаш зикр шавад, хабар додааст.
"Агар мо БРИКС-ро тавсеа диҳему саҳми ММД-и он дар ҷаҳон ба мисли G7 гардад, пас садои муштараки мо дар ҷаҳон қавитар хоҳад шуд", - гуфтаст мусоҳиби нашрия.
Ҳамин тавр, сарони кишварҳои узви БРИКС дар нишасте, ки рӯзҳои 22-24 август дар Йоҳаннесбург баргузор мешавад, барои нахустин бор дар 10 соли ахир дар мавриди густариши иттиҳод тасмим хоҳанд гирифт.
Сиёсатмадори чинӣ дар мусоҳиба бо нашрия гуфтааст, ки дар сурати тавсеаи иттиҳод бо ҳиссаи ММД-и ҷаҳонӣ, ки дар G7 аст, садои дастаҷамъии вай қавитар мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Чин ва Ҳинд наметавонанд мувофиқа кунанд, ки баъди тавсеаи созмон чӣ иқдомро пеш гиранд.
Дар зимн масъалае пайдо шуд, ки оё БРИКС тамоми нерӯяшро ба кишварҳои рӯй ба рушд равона созад ё тавоноии сиёсияшро тақвият бахшад, то кишварҳои Ғарбро ба чолиш кашад.
Қаблан Чин изҳор дошт, ки тавсеаи созмонро ҷонибдорӣ мекунад ва хоҳони вуруди давлатҳои нав ба ҳайси аъзо ба ин созмон мебошад.
БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.