https://sputnik.tj/20230812/amaliyoti-vizha-artishi-rusiya-kupyansk-kharkov-1058786207.html
Амалиёти вижа: Ҳадафи ҳамлаи артиши Русия дар самти Купянск - озод намудани Харков
Амалиёти вижа: Ҳадафи ҳамлаи артиши Русия дар самти Купянск - озод намудани Харков
Sputnik Тоҷикистон
Русия бо кумаки артиш зина ба зина ва мутассил дар амалиёти вижа низомӣ – ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина ба ҳадафҳои худ мерасад
2023-08-12T10:57+0500
2023-08-12T10:57+0500
2023-08-12T10:57+0500
украина
русия
амалиёти вижа
харков
ҳадаф
донбасс
ғарб
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/01/1054617247_0:582:2607:2048_1920x0_80_0_0_c8b818b4f0fc194d88748f3975d3485c.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар қисми ҷанубии ҷабҳа нерӯҳои русиягӣ "ҳамлаи ҷавобӣ"-и нерӯҳои украиниро самаранок кӯфтан доранд, дар қисми шимолии ҷабҳа ба нуқтаҳои такягоҳии душман ҳамлаҳои бобарор доранд ва мавзеъҳои аҳолинишини вилояти Харковро озод намуда истодаанд – ба ноҳияҳои наздишаҳрии Купянск баромаданд.Неруҳои Русия ба самти Купянск ҷангкунон пеш мераванд ва имрӯз аз самти шимолу шарқи Ивановка - дар 100 километрии шарқи Харков - ба Купянск баромаданд.Дар як вақт, дастаҳои ҳамлавари гурӯҳи 6 – уми артиши умумирусиягӣ панҷ нуқтаи такягоҳро дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Олшани - дар 20 км ғарби Харков - ишғол намуданд. Чанде пештар бошад, нерӯҳои русиягӣ панҷ маҳалли аҳолинишини вилояти Харковро озод карданд.Маъмурияти минтақавӣ, ки таҳти тобеияти Киев қарор дорад, аз моҳи марти соли 2022 инҷониб, бидуни хоҳиши аксарияти харковиҳо, мавҷи дуюми тахлияи сокинонро омода намуда истодааст. Дар рӯихат- 53 маҳалли аҳолинишин қарор дорад.Рӯзи гузашта фармондеҳи қӯшунҳои хушкгарди артиши Украина Александр Сирский дар яке аз нуқтаҳои фармондеҳии ноҳияи Купянск санҷиш гузаронид ва ба хулосаи возеҳ омад – қувваҳои мусаллаҳи Русия дар ин ҷо ба ҳамлаи шадид омодагӣ доранд: “Мушти зарбазан аллакай омодааст. Ҳадаф - рахна сохтани хати дифои украинӣ ва ворид шудан ба Купянск аст”.Ҳолдонҳо мушоҳида намудаанд, ки таъини Сирскийи шумқадам дар марзҳои пешрафта ҳамеша ба торумори қисмҳои артиши украинӣ оварда мерасонад - қаблан дар наздикии Соледар ва Артемовск низ чунин шуда буд. Воқеан, кор боз ҳамин гуна ранг гирифта истодааст.Пештар фармондеҳии украинӣ хабар дод, ки Русия дар самти Купянск қувваҳои худро мутамарказ гардонида, “зиеда аз 100 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ, беш аз аз 900 танк, зиеда аз 555 маҷмааҳои артиллерӣ, 370 силоҳи худгардро ҷамъ овардааст”.Тибқи маълумоти Донишкадаи байналхалқии тадқиқоти стратегӣ, қисми қувваҳои хушкигарди Русия, ки дар минтақаи амалиёти вижаи низхомӣ қарор дорад, тақрибан 550 ҳазор нафар сарбоз дорад. Усули ҳисобкуниашон номаълум аст, тасдиқ ё рад намудани дурустии ин рақамҳо ғайриимкон аст.Нерӯҳои русиягӣ дар самти Запорожйе дар умқи амиқи артиши Украина - дар вилоятҳои Ровенск, Хмелнитский, Кировоград, Чернигов ва ғайра низ ҳамлаҳоро зада гардонида истодаанд. Дар Ғарби Артёмовск ба иншоотҳои низомӣ ва боркашонӣ зарбаҳои омехта зада истодаанд.Тактикаи русиягии “аз мудофиа ба ҳамла” - роҳи дурусти шикасти душман ва расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ мебошад.Бахудоии ҒарбДар моҳи сеюми "ҳамлаи ҷавобӣ" нерӯҳои украинӣ ҳатто ба хатти аввали мудофиаи амиқи эшелонӣ расида натавонистанд. Қувваи зинда ва техникаи режими киевӣ то баромадан ба марзи ба амалиёти ҷангӣ бо зарбаҳои артиллерия, авиатсияи артиш ва ҳамлаи тайёраҳои қиркунанда ва ҳам аз тири қатораҳо - дар майдонҳои минкорикардашуда - нобуд карда шуда истодаандАртиши украинӣ ҳанӯз ҳам захираҳо дорад, аммо кишварҳои аъзои НАТО ва дигар "донорҳо" ба таври объективӣ интиқоли силоҳ ва аслиҳаиро ба якборагӣ афзоиш дода наметавонанд. Барои бунёди иқтидорҳои нав ба комплекси саноати ҳарбии Ғарб солҳо лозиманд.Нашрияи амрикоии The Hill қайд мекунад:"Набудани пешравӣ дар ҳамлаи ҷавобӣ президент Ҷо Байденро дар вазъияти душвор мегузорад.Аммо ба ҷои он, ки тарзу усули ҷангро аз нав дида барояд, ӯ танҳо пул мепошад, ва ба мӯъҷиза умед мебандад – ба як пешрафти эҳтимолӣ дар майдони ҷанг ё табаддулоти сиесӣ дар Маскав".Дар Ғарб "хастагӣ аз Украина" ба миён омадааст ва аксари амрикоиҳо мухолифи онанд, ки конгресси кишварашон ба кӯмаки минбаъдаи низомӣ ва иқтисодӣ ба Киев иҷозат диҳад.Конгрессмени амрикоӣ аз ҳизби демократҳо Майкл Куигли пас аз сӯҳбати муфассал дар Аврупо бо дастурдеҳони низомии амрикоии ҷузъу томҳои украинӣ изҳор дошт: "Хабарҳо бобати вазъи майдони ҷабҳа дар Украина касро ба худ меоранд".Вашингтон барои артиши Украина 6 миллиард доллари “зиедатӣ" ҷусту пайдо намуд. Аммо, ҳатто ба комплекси саноати низомии ИМА (90 фоизи саноати ҳарби НАТО) даст намедиҳад, ки ин пулҳо оҷилан ба гулӯлаҳои артиллерии 155 миллиметра табдил дода шаванд.На дар Русия, балки дар Амрико "аслиҳаи басо муҳими ҷангӣ" ба охир расида истодааст.Ва ҳарчанд Олмон иловатан 25 танки Leopard 1А5 – ро ба Украина фиристоданист, ин шоҳидони "ҷанги сард" дар набарди доғ аниқ муваффақ нахоҳанд шуд - бо сабаби кӯҳна будани технология, нарасиждани нерӯи ҷангӣ ва нокифоягии зиреҳпӯшӣ.Дар соли аввали амалиёти вижаи низомӣ,Ғарб дастҷамъона тамоми захираҳои яроқу аслиҳаи худ, даҳҳо миллиард доллар ва евроро ба режими киевӣ “супорид”, “Маҷрои Шимолӣ "ва манфиатҳои дарозмуддати иқтисодии Аврупоро ҳам қурбон кард.Ғалаба аз болои Русия бо тезӣ бо истифода аз таҳримҳои шадиди иқтисодӣ ва қувваҳои Украинаи лӯхтакӣ – даст надод. Меъморони "лоиҳаи украинӣ" аз шӯру ғазаб ва нотавонӣ печу тоб мехӯранд.Тақдири баъдиҷангии режими бандерагиҳо дар Ғарб касеро ба ташвиш намеорад, аммо нокомии навбатии геополитикӣ боқимондаҳои нуфузи байналхалқии "яккаҳукмфармоӣ"-ро халалдор месозад, мавҷудияти НАТО-ро бемантиқу олуда мекунад.Дар Вашингтон ва Брюссел аллакай дарк намуда истодаанд: ба наздикӣ артиши Русия нерӯҳои украиниро дар соҳили чапи Днепр торумор мекунанду ба ҳамла мегузаранд – ва онро боздошта намешавад.Ва барои ИМА дурнамо нохушоянд ба назар метобад - пас аз ғалабаи русиягӣ интихоби чинии амалиёти вижаи низомӣ дар ҷазираи Тайван.
https://sputnik.tj/20230810/charkhbolho-rusiya-artishi-ukraina-nato-1058759599.html
https://sputnik.tj/20230808/gharb-hamlai-nizomi-ukraina-omoda-ast-1058714008.html
https://sputnik.tj/20230806/siyosatmadori-olmon-siloh-ukraina-1058668969.html
https://sputnik.tj/20230803/sukhan-amal-ima-bastan-ukraina-1058626166.html
украина
русия
харков
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/01/1054617247_128:461:2245:2048_1920x0_80_0_0_f182454c9606f918a81064d895879bf6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
русия, ҳадаф, украина, купянск, харков, озодсозӣ, амалиёти вижаи низомӣ, артиш
русия, ҳадаф, украина, купянск, харков, озодсозӣ, амалиёти вижаи низомӣ, артиш
Амалиёти вижа: Ҳадафи ҳамлаи артиши Русия дар самти Купянск - озод намудани Харков
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Русия бо кумаки артиш зина ба зина ва мутассил дар амалиёти вижа низомӣ – ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина ба ҳадафҳои худ мерасад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар қисми ҷанубии ҷабҳа нерӯҳои русиягӣ "ҳамлаи ҷавобӣ"-и нерӯҳои украиниро самаранок кӯфтан доранд, дар қисми шимолии ҷабҳа ба нуқтаҳои такягоҳии душман ҳамлаҳои бобарор доранд ва мавзеъҳои аҳолинишини вилояти Харковро озод намуда истодаанд – ба ноҳияҳои наздишаҳрии Купянск баромаданд.
Неруҳои Русия ба самти Купянск ҷангкунон пеш мераванд ва имрӯз аз самти шимолу шарқи Ивановка - дар 100 километрии шарқи Харков - ба Купянск баромаданд.
Дар як вақт, дастаҳои ҳамлавари гурӯҳи 6 – уми артиши умумирусиягӣ панҷ нуқтаи такягоҳро дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Олшани - дар 20 км ғарби Харков - ишғол намуданд. Чанде пештар бошад, нерӯҳои русиягӣ панҷ маҳалли аҳолинишини вилояти Харковро озод карданд.
Маъмурияти минтақавӣ, ки таҳти тобеияти Киев қарор дорад, аз моҳи марти соли 2022 инҷониб, бидуни хоҳиши аксарияти харковиҳо, мавҷи дуюми тахлияи сокинонро омода намуда истодааст. Дар рӯихат- 53 маҳалли аҳолинишин қарор дорад.
Рӯзи гузашта фармондеҳи қӯшунҳои хушкгарди артиши Украина Александр Сирский дар яке аз нуқтаҳои фармондеҳии ноҳияи Купянск санҷиш гузаронид ва ба хулосаи возеҳ омад – қувваҳои мусаллаҳи Русия дар ин ҷо ба ҳамлаи шадид омодагӣ доранд: “Мушти зарбазан аллакай омодааст. Ҳадаф - рахна сохтани хати дифои украинӣ ва ворид шудан ба Купянск аст”.
Ҳолдонҳо мушоҳида намудаанд, ки таъини Сирскийи шумқадам дар марзҳои пешрафта ҳамеша ба торумори қисмҳои артиши украинӣ оварда мерасонад - қаблан дар наздикии Соледар ва Артемовск низ чунин шуда буд. Воқеан, кор боз ҳамин гуна ранг гирифта истодааст.
Пештар фармондеҳии украинӣ хабар дод, ки Русия дар самти Купянск қувваҳои худро мутамарказ гардонида, “зиеда аз 100 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ, беш аз аз 900 танк, зиеда аз 555 маҷмааҳои артиллерӣ, 370 силоҳи худгардро ҷамъ овардааст”.
Тибқи маълумоти Донишкадаи байналхалқии тадқиқоти стратегӣ, қисми қувваҳои хушкигарди Русия, ки дар минтақаи амалиёти вижаи низхомӣ қарор дорад, тақрибан 550 ҳазор нафар сарбоз дорад. Усули ҳисобкуниашон номаълум аст, тасдиқ ё рад намудани дурустии ин рақамҳо ғайриимкон аст.
Нерӯҳои русиягӣ дар самти Запорожйе дар умқи амиқи артиши Украина - дар вилоятҳои Ровенск, Хмелнитский, Кировоград, Чернигов ва ғайра низ ҳамлаҳоро зада гардонида истодаанд. Дар Ғарби Артёмовск ба иншоотҳои низомӣ ва боркашонӣ зарбаҳои омехта зада истодаанд.
Тактикаи русиягии “аз мудофиа ба ҳамла” - роҳи дурусти шикасти душман ва расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ мебошад.
Дар моҳи сеюми "ҳамлаи ҷавобӣ" нерӯҳои украинӣ ҳатто ба хатти аввали мудофиаи амиқи эшелонӣ расида натавонистанд. Қувваи зинда ва техникаи режими киевӣ то баромадан ба марзи ба амалиёти ҷангӣ бо зарбаҳои артиллерия, авиатсияи артиш ва ҳамлаи тайёраҳои қиркунанда ва ҳам аз тири қатораҳо - дар майдонҳои минкорикардашуда - нобуд карда шуда истодаанд
Артиши украинӣ ҳанӯз ҳам захираҳо дорад, аммо кишварҳои аъзои НАТО ва дигар "донорҳо" ба таври объективӣ интиқоли силоҳ ва аслиҳаиро ба якборагӣ афзоиш дода наметавонанд. Барои бунёди иқтидорҳои нав ба комплекси саноати ҳарбии Ғарб солҳо лозиманд.
Нашрияи амрикоии The Hill қайд мекунад:"Набудани пешравӣ дар ҳамлаи ҷавобӣ президент Ҷо Байденро дар вазъияти душвор мегузорад.
Аммо ба ҷои он, ки тарзу усули ҷангро аз нав дида барояд, ӯ танҳо пул мепошад, ва ба мӯъҷиза умед мебандад – ба як пешрафти эҳтимолӣ дар майдони ҷанг ё табаддулоти сиесӣ дар Маскав".
Дар Ғарб "хастагӣ аз Украина" ба миён омадааст ва аксари амрикоиҳо мухолифи онанд, ки конгресси кишварашон ба кӯмаки минбаъдаи низомӣ ва иқтисодӣ ба Киев иҷозат диҳад.
Конгрессмени амрикоӣ аз ҳизби демократҳо Майкл Куигли пас аз сӯҳбати муфассал дар Аврупо бо дастурдеҳони низомии амрикоии ҷузъу томҳои украинӣ изҳор дошт: "Хабарҳо бобати вазъи майдони ҷабҳа дар Украина касро ба худ меоранд".
Вашингтон барои артиши Украина 6 миллиард доллари “зиедатӣ" ҷусту пайдо намуд. Аммо, ҳатто ба комплекси саноати низомии ИМА (90 фоизи саноати ҳарби НАТО) даст намедиҳад, ки ин пулҳо оҷилан ба гулӯлаҳои артиллерии 155 миллиметра табдил дода шаванд.
На дар Русия, балки дар Амрико "аслиҳаи басо муҳими ҷангӣ" ба охир расида истодааст.
Ва ҳарчанд Олмон иловатан 25 танки Leopard 1А5 – ро ба Украина фиристоданист, ин шоҳидони "ҷанги сард" дар набарди доғ аниқ муваффақ нахоҳанд шуд - бо сабаби кӯҳна будани технология, нарасиждани нерӯи ҷангӣ ва нокифоягии зиреҳпӯшӣ.
Дар соли аввали амалиёти вижаи низомӣ,Ғарб дастҷамъона тамоми захираҳои яроқу аслиҳаи худ, даҳҳо миллиард доллар ва евроро ба режими киевӣ “супорид”, “Маҷрои Шимолӣ "ва манфиатҳои дарозмуддати иқтисодии Аврупоро ҳам қурбон кард.
Ғалаба аз болои Русия бо тезӣ бо истифода аз таҳримҳои шадиди иқтисодӣ ва қувваҳои Украинаи лӯхтакӣ – даст надод. Меъморони "лоиҳаи украинӣ" аз шӯру ғазаб ва нотавонӣ печу тоб мехӯранд.
Тақдири баъдиҷангии режими бандерагиҳо дар Ғарб касеро ба ташвиш намеорад, аммо нокомии навбатии геополитикӣ боқимондаҳои нуфузи байналхалқии "яккаҳукмфармоӣ"-ро халалдор месозад, мавҷудияти НАТО-ро бемантиқу олуда мекунад.
Дар Вашингтон ва Брюссел аллакай дарк намуда истодаанд: ба наздикӣ артиши Русия нерӯҳои украиниро дар соҳили чапи Днепр торумор мекунанду ба ҳамла мегузаранд – ва онро боздошта намешавад.
Ва барои ИМА дурнамо нохушоянд ба назар метобад - пас аз ғалабаи русиягӣ интихоби чинии амалиёти вижаи низомӣ дар ҷазираи Тайван.