https://sputnik.tj/20230804/afzoishi-gharqshav-tojikiston-aksariyat-1058631226.html
Афзоиши ғарқшавӣ дар Тоҷикистон: Аксарияти ғарқшудаҳо ноболиғанд
Афзоиши ғарқшавӣ дар Тоҷикистон: Аксарияти ғарқшудаҳо ноболиғанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз корҳои ташвиқотӣ, шумори ғарқшудаҳо дар кишвар зиёд шудаст
2023-08-04T11:33+0500
2023-08-04T11:33+0500
2023-08-04T11:33+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолати фавқулода
оббозӣ
шиноварӣ
ғарқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102293/26/1022932639_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_736e0d1102480b5c8bc166ff7e1df560.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Аксарияти онҳое, ки дар давоми нимсолаи аввали соли равон ғарқ шудаанд, кӯдакону наврасонанд, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон. Ба иттилои КҲФ, дар давоми 6 моҳ дар рӯд, кӯл ва каналҳои ҷумҳурӣ 87 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад. Теъдоди ғарқшудаҳо дар нимсолаи аввали соли пешӣ 84 нафар гуфта мешуд. Ин ниҳод сабаби ғарқшавии шаҳрвандонро риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарии оббозӣ хондаст. Дар натиҷа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 10 нафар ғарқ шудаанд. Теъдоди ғарқшудаҳо дар Суғд 22 нафар, дар Хатлон 32 нафар, дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 16 нафар ва дар шаҳри Душанбе 7 нафар арзёбӣ гардид. Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикстон ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон, махсусан кӯдакон афзоиш меёбад. Таъкид мешавад, ки ба далели камбуди ҷойҳои мувофиқу омодашуда барои оббозӣ бисёри шаҳрвандон дар ҷойҳое шиноварӣ мекунанд, ки барои ин кор пешбинӣ нашуданд ва дар натиқа ғарқ мешаванд.
https://sputnik.tj/20230615/khohari-tojik-peterburg-gharq-shudand-1057726908.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102293/26/1022932639_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_191671763840fd493c96351b763ecf02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аксарият, нисф, ноболиғ, афзоиш, ғарқшавӣ
аксарият, нисф, ноболиғ, афзоиш, ғарқшавӣ
Афзоиши ғарқшавӣ дар Тоҷикистон: Аксарияти ғарқшудаҳо ноболиғанд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз корҳои ташвиқотӣ, шумори ғарқшудаҳо дар кишвар зиёд шудаст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Аксарияти онҳое, ки дар давоми нимсолаи аввали соли равон ғарқ шудаанд, кӯдакону наврасонанд, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон.
Ба иттилои КҲФ, дар давоми 6 моҳ дар рӯд, кӯл ва каналҳои ҷумҳурӣ 87 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад. Теъдоди ғарқшудаҳо дар нимсолаи аввали соли пешӣ 84 нафар гуфта мешуд.
"Аз шумори умумии ғарқшудагон 46 нафарашонро кӯдакон ва наврасони то 16-сола ва 41 нафарро аз 17-сола боло ташкил додаанд", - изҳор дошт Кумита.
Ин ниҳод сабаби ғарқшавии шаҳрвандонро риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарии оббозӣ хондаст.
Дар натиҷа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 10 нафар ғарқ шудаанд. Теъдоди ғарқшудаҳо дар Суғд 22 нафар, дар Хатлон 32 нафар, дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 16 нафар ва дар шаҳри Душанбе 7 нафар арзёбӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикстон ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон, махсусан кӯдакон афзоиш меёбад.
Таъкид мешавад, ки ба далели камбуди ҷойҳои мувофиқу омодашуда барои оббозӣ бисёри шаҳрвандон дар ҷойҳое шиноварӣ мекунанд, ки барои ин кор пешбинӣ нашуданд ва дар натиқа ғарқ мешаванд.