https://sputnik.tj/20230821/anguri-afghoniston-rusiya-sodirot-1058948741.html
Барои нахустин бор ангури Афғонистон ба Русия содирот шуд
Барои нахустин бор ангури Афғонистон ба Русия содирот шуд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини маҳалӣ дар Балх мегӯянд, ки нахустин бор як маҳмулаи ангури Афғонистон аз тариқи бандар тиҷоратӣ Ҳайратон ба Русия фиристода шуд
2023-08-21T14:55+0500
2023-08-21T14:55+0500
2023-08-21T19:38+0500
афғонистон
русия
осиёи марказӣ
содирот
ангур
ҳамкорӣ
равобит
кишоварзӣ
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031864181_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_6d00b3fe16c7423e9737a4cff7162e89.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Масъули утоқи тиҷорат ва сармоягузории вилоят Балх ахиран эълон кардааст, ки маҳмулаи шомили ду ҳазор картон ангур ба бозори Русия фиристода шудааст, иттилоъ додааст радиои дарӣ.Вай афзуд, ки ин бор бо гузаштан аз марзи Ӯзбекистон ба самти Русия фиристода шудааст.Дар ҳамин ҳол масъули утоқи тиҷорат ва сармоягузории Балх бо ибрози хурсандӣ аз фиристодани ангур ба Русия, аз фароҳам шудани шароити муносиби тиҷоратӣ барои афзоиши содирот ба кишварҳои минтақа сухан мезанад .Оқои Асадӣ гуфт, дар моҳҳои пасин содироти фаровардаҳо ва тавлидоти мухталиф аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон афзоиш ёфтааст.Бо ин ҳама, ба гуфта вай, қарораст то чанд рӯзи дигар раванди содироти анор, себ ва дигари фаровардаҳои кишоварзӣ низ аз бандари Ҳайратон оғоз шавад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сергей Котирин, раиси утоқи тиҷорат ва саноии Русия баён дошт, ки Афғонистон омодаи таъмини меваи хушк, маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия аст.Вай афзуд, ки Афғонистон ҳамчунин омодаи кумак ба эҷоди занҷира таъмин аст."Мо бо намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноии Афғонистон суҳбат кардем, онҳо манофеи тиҷорӣ ва иқтисодии худро, ки дар Русия аст, баён карданд. Ба вижа онҳо мехоҳанд меваҳои хушку маҳсулоти кишоварзиро ба таври куллӣ арза кунанд", - гуфт Котирин.Раиси утоқи тиҷорат ва саноии Русияи ёдрас шуд, ки бо тарафи толибон дар мавриди эҷоди роҳҳои логистикӣ барои ширкатҳои русӣ аз ҷумла - истифода аз хоки Афғонистон ба Ҳинд мавриди баҳс сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20230817/takidi-rusiya-tashkili-davlati-farogir-afghoniston-1058880054.html
афғонистон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031864181_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_ad7a2fac3925b7573558cf6829c32984.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, русия, содирот, ангур, кишоварзӣ, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, балх
афғонистон, русия, содирот, ангур, кишоварзӣ, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, балх
Барои нахустин бор ангури Афғонистон ба Русия содирот шуд
14:55 21.08.2023 (Навсозишуда: 19:38 21.08.2023) Масъулини маҳаллӣ дар Балх мегӯянд, ки нахустин бор як маҳмулаи ангури Афғонистон аз тариқи бандари тиҷоратии Ҳайратон ба Русия фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Масъули утоқи тиҷорат ва сармоягузории вилоят Балх ахиран эълон кардааст, ки маҳмулаи шомили ду ҳазор картон ангур ба бозори Русия фиристода шудааст, иттилоъ додааст радиои дарӣ.
Вай афзуд, ки ин бор бо гузаштан аз марзи Ӯзбекистон ба самти Русия фиристода шудааст.
Дар ҳамин ҳол масъули утоқи тиҷорат ва сармоягузории Балх бо ибрози хурсандӣ аз фиристодани ангур ба Русия, аз фароҳам шудани шароити муносиби тиҷоратӣ барои афзоиши содирот ба кишварҳои минтақа сухан мезанад .
Оқои Асадӣ гуфт, дар моҳҳои пасин содироти фаровардаҳо ва тавлидоти мухталиф аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
Бо ин ҳама, ба гуфта вай, қарораст то чанд рӯзи дигар раванди содироти анор, себ ва дигари фаровардаҳои кишоварзӣ низ аз бандари Ҳайратон оғоз шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сергей Котирин, раиси утоқи тиҷорат ва саноии Русия баён дошт, ки Афғонистон омодаи таъмини меваи хушк, маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия аст.
Вай афзуд, ки Афғонистон ҳамчунин омодаи кумак ба эҷоди занҷира таъмин аст.
"Мо бо намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноии Афғонистон суҳбат кардем, онҳо манофеи тиҷорӣ ва иқтисодии худро, ки дар Русия аст, баён карданд. Ба вижа онҳо мехоҳанд меваҳои хушку маҳсулоти кишоварзиро ба таври куллӣ арза кунанд", - гуфт Котирин.
Раиси утоқи тиҷорат ва саноии Русияи ёдрас шуд, ки бо тарафи толибон дар мавриди эҷоди роҳҳои логистикӣ барои ширкатҳои русӣ аз ҷумла - истифода аз хоки Афғонистон ба Ҳинд мавриди баҳс сурат гирифт.