Рустами Эмомалӣ ба пояи муҷассамаи қаҳрамонони миллии Чин дар Пекин гулчанбар гузошт

© Дафтари матбуоти МНМОТРустами Эмомалӣ дар Чин
Рустами Эмомалӣ дар Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Обуна шудан
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳамчунин бо намунаҳои экспонат ва асноди таърихӣ дар Осорхонаи таърихии Ҳизби коммунисти Чин ошно шуд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба пояи муҷассамаи қаҳрамонони миллӣ дар майдони Тянанмени Пекин гулчанбар гузошт.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ бо гузоштани гулчанбар хотираи шаҳидони роҳи озодӣ ва қаҳрамонони мардуми Чинро гиромӣ дошт.
Ҳамин тариқ, дар маросими тантанавӣ раиси палатаи болоии парлумони кишварро муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ Хан Чжэн ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорони Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
Чин мехоҳад бо мақомоти Хатлон дар самти иқтисодӣ сабз ҳамкорӣ намоянд
Ғайр аз ин, ӯ аз осорхонаи таърихии Ҳизби коммунистии Чин боздид кард.
Дар он ҷо Рустами Эмомалӣ бо намунаҳои экспонатҳои таърихӣ ва асноди марбут ба таърихи таъсиси ҳизб ва давраи таъсиси он шинос шуд.
Сафари расмии раиси палатаи болоии порлумони Тоҷикистон бо даъвати ҷониби Чин сурат гирифта, тибқи иттилои расонаҳои кишвари мизбон, он то 23 август идома хоҳад кард.
Чин яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки дар бахшҳои мухталифи саноат - аз энергетика то истихроҷи маъдан ва роҳсозӣ дар ҷумҳурӣ сармоягузорӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0