Чин мехоҳад бо мақомоти Хатлон дар самти иқтисодӣ сабз ҳамкорӣ намоянд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонМулоқоти раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорони Чин
Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорони Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон омодагии худро барои густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо соҳибкорони Чин баён дошт
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар мулоқот бо ҳайати соҳибкорони Чин як қатор масоили ҳамкорӣ ва сармоягузориро барасӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ахиран гурӯҳи соҳибкорони Чин бо роҳбарии Ли Чжэнчжан, муовини раиси Кумитаи дороиҳои давлатии Фошан ба маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ташриф оварданд.
Раиси вилоят зимни мулоқот таъкид шуд, ки самтҳои афзалиятдори ҳамкориҳои иқтисодии ду мамлакат аз саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия вобастагии зич дорад.
Девушки аплодируют президенту Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Теъдоди занони роҳбар дар Хатлон маълум шуд
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо масъалаи таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои коркарди нахи пахта, меваю сабзавот ва ҳамкорӣ дар самти иқтисоди сабзро баррасӣ намуданд.
Мақомоти Хатлон мегӯяд, ки барои ҳар ду ҷониб рушд додани ҳамкорӣ дар самти бунёди гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот бо истифода аз фанноварии муосир ва содироти консерваҳои меваю сабзавот судманд мебошад.
Раиси вилоят дар ин дидор таъкид кардааст, ки вилоят метавонад инчунин дар самтҳои рушди сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки бофандагию ресандагӣ, ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ”, “Данғара” ва “Кӯлоб”, иҷораи дарозмуддати заминҳои таъиноти кишоварзӣ, пешбурди тиҷорати хурду миёна бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо доираҳои соҳибкории Чин ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад.
Қайд гардидааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.
Лентаи хабарҳо
0