Мақоми толибон*: ба забони форсӣ эҳтиром мекунем ва ба он муҳаббат дорем

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARБоец Талибана стоит у шлагбаума
Боец Талибана стоит у шлагбаума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Обуна шудан
Мақоми ҳукумати толибон*, ки пештар изҳороте зидди забони форсӣ аз ӯ нақл шуда буд, гуфт, забони форсӣ ифтихор мекунад ва ба ин забон муҳаббат дорад
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Мақомдори вазорати фарҳанги толибон қории Муҳамад Юнуси Рошидӣ дар изҳороти тозае дар бораи забон форсӣ гуфт, ки “забони форсӣ забони илм аст ва рӯҳи як ҷомеъааст, иттилоъ додааст “Радиои дарӣ”.
Вай афзуд, ки ба забони форсӣ ифтихор мекунад ва ба ин забон эҳтиром мегузорад.
Оқои Рошидӣ суханоне, ки пештар дар расонаҳо аз қавл ӯ дар бораи эҳтиёҷ надоштани Афғонистон ба забони форсӣ нақлшудабудро рад кард.
“Ин як таблиғот аст зеро баҳси ман дар Бомиён дар бораи аҳамият ва увлавияти улуми зарурӣ барои бозсозии Афғонистон буд”,- қайд кард вай.
Руководитель Школы востоковедения факультета мировой экономики и мировой политики Национального исследовательского университета Высшая школа экономики (НИУ ВШЭ) Алексей Маслов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2023
Ояндаи дурахшон барои мавзуи забони форсӣ дар донишгоҳҳои Русия вуҷуд дорад
Муовини вазири ҷавонони толибон* гуфт дар даврони талабагиаш бештарини китобҳое, ки ӯ хондааст, ба забони форсӣ буданд.
Аз ҷумла, ӯ дар бораи китоби Тӯҳфаи насаеҳ, Бӯстон ва Гулистони Саъдӣ ёд кард.
Қорӣ Рошидӣ таъкид кард, ки забони форсӣ забони илм ва дониш аст.
* - созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиашон таҳти таҳримҳои СММ қарор доранд
Лентаи хабарҳо
0