https://sputnik.tj/20230618/oyandai-durakhshon-zaboni-forsi-donishgoh-rusiya-1057774605.html
Ояндаи дурахшон барои мавзуи забони форсӣ дар донишгоҳҳои Русия вуҷуд дорад
Ояндаи дурахшон барои мавзуи забони форсӣ дар донишгоҳҳои Русия вуҷуд дорад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳҳи давлатии Маскав аз афзоиши алоқа ба мавзуи Эрону мутолиаи забони форсӣ дар солҳои ахир хабар дод
2023-06-18T12:15+0500
2023-06-18T12:15+0500
2023-06-18T12:15+0500
дар русия
русия
маскав
донишгоҳ
забони форсӣ
эрон
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103058/19/1030581979_0:223:3072:1951_1920x0_80_0_0_b2fd0735ac62f5508dc66c4472f4c12d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раиси Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав Алексей Маслов дар ҳошияи форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар бораи афзоиши алоқа ба мавзуи Эрону мутолиаи забони форсӣ дар солҳои ахирсхн гуфт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Вай гуфт, қатъан алоқа ба Эрону забони форсӣ дар се соли гузаштаи рушд чашмгире доштааст.“Муҳимтар аз ҳама моҳияти алоқа низ тағйир кардааст. Албата қаблан алоқае ба таърихи Эрон ё масалан ба адабиёти форсӣ вуҷӯд дошт, ки ба қути худ боқӣ аст, аммо имрӯзаи алоқа ба тиҷорат бо Эрон дар давраҳои коромузӣ афзоиш ёфтааст”, - гуфт ӯ.Вай ба унвон мисол гуфт, мо ҳар сол конгрессҳои вижае ба ном “аз Маскав то Теҳрон” барои донишҷӯёни русу Эронӣ баргузор мекунем.Раиси Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ҳамчунин гуфт, ки дар соли ҷорӣ Институт теъдоди зарфияти давлатиро афзоиш медиҳад, ба вижаи гурӯҳҳои омузиши форсӣ, дарӣ ва паштӯ густариш меёбад.“Имсол мо теъдоди донишҷӯён бо буҷетро ба таври куллӣ дар ҷиҳати Эрон ба таври хос афзоиш хоҳем дод. Мо омодагӣ дорем, ки гурӯҳҳоро ба 12 ва 15 нафари афзоиши диҳем, умдатан ба забонҳои форсӣ, дарӣ ва пашту, зеро ба таври куллӣ тақозои зиёдӣ барои ин амр мебинем", - гуфт оқои Маслов.
https://sputnik.tj/20230515/millat-tojikiston-afghoniston-posdori-zaboni-forsi-1057125559.html
русия
маскав
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103058/19/1030581979_330:0:3061:2048_1920x0_80_0_0_b5fc203e2deaf4fd59637968bba04b78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, забони форсӣ, донишгоҳ, эрон, маскав, афзоиш, алоқа, маориф
русия, забони форсӣ, донишгоҳ, эрон, маскав, афзоиш, алоқа, маориф
Ояндаи дурахшон барои мавзуи забони форсӣ дар донишгоҳҳои Русия вуҷуд дорад
Раиси Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳҳи давлатии Маскав аз афзоиши алоқа ба мавзуи Эрону мутолиаи забони форсӣ дар солҳои ахир хабар дод
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раиси Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав Алексей Маслов дар ҳошияи форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар бораи афзоиши алоқа ба мавзуи Эрону мутолиаи забони форсӣ дар солҳои ахирсхн гуфт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай гуфт, қатъан алоқа ба Эрону забони форсӣ дар се соли гузаштаи рушд чашмгире доштааст.
“Муҳимтар аз ҳама моҳияти алоқа низ тағйир кардааст. Албата қаблан алоқае ба таърихи Эрон ё масалан ба адабиёти форсӣ вуҷӯд дошт, ки ба қути худ боқӣ аст, аммо имрӯзаи алоқа ба тиҷорат бо Эрон дар давраҳои коромузӣ афзоиш ёфтааст”, - гуфт ӯ.
Вай ба унвон мисол гуфт, мо ҳар сол конгрессҳои вижае ба ном “аз Маскав то Теҳрон” барои донишҷӯёни русу Эронӣ баргузор мекунем.
“Хелеҳо мехоҳанд бо Эрон кор кунанд ё дар Эрон кор кунанд. Бинобар ин фикр мекунам мавзуи Эрон дар байни донишгоҳҳои Русия оянда бузурге дорад", -таъкид кард оқои Маслов.
Раиси Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ҳамчунин гуфт, ки дар соли ҷорӣ Институт теъдоди зарфияти давлатиро афзоиш медиҳад, ба вижаи гурӯҳҳои омузиши форсӣ, дарӣ ва паштӯ густариш меёбад.
“Имсол мо теъдоди донишҷӯён бо буҷетро ба таври куллӣ дар ҷиҳати Эрон ба таври хос афзоиш хоҳем дод. Мо омодагӣ дорем, ки гурӯҳҳоро ба 12 ва 15 нафари афзоиши диҳем, умдатан ба забонҳои форсӣ, дарӣ ва пашту, зеро ба таври куллӣ тақозои зиёдӣ барои ин амр мебинем", - гуфт оқои Маслов.