https://sputnik.tj/20230409/eron-nazorat-zanon-behijob-kamerahoi-nasb-1056333125.html
Эрон ҳиҷоби занонро тавассути камераҳои ҳушманд назорат мекунад
Эрон ҳиҷоби занонро тавассути камераҳои ҳушманд назорат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Заноне, ки дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври номуносиб либос пӯшидаанд тавассути камераҳо "шикор" мешаванд ва баъдан огоҳӣ мегиранд 09.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-09T18:17+0500
2023-04-09T18:17+0500
2023-04-09T18:17+0500
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101497/95/1014979582_0:24:1600:924_1920x0_80_0_0_cc5b4f9decaffb783fae93f4fc835b35.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Эрон ба насби камераҳои видеоии ҳушманд шурӯъ кардааст, то занонеро, ки бе ҳиҷоб мегарданд ва ё номуносиб мепӯшанд, ошкор кунад. Дар ин бора хабаргузории Tasnim бо такя ба баёнияи вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст. Чунин заноне, ки дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба камераҳои меафтанд, огоҳиномаҳо дар бораи оқибатҳои ҳуқуқии вайронкунии такрорӣ мегиранд. Гуфта мешавад, ки ин тадбир ба хотири "ҷилавгирӣ аз ташаннуҷ ва низоъҳои байни шаҳрвандон" марбут ба пӯшидани рӯсарӣ пешбинӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки "Дастурномаи тавсияшаванда оид ба либос барои духтарон ва занон" дар Тоҷикистон нашр шуд. Тибқи дастур, пӯшидани сатри сиёҳ ва ҳиҷоб ба услуби миллии тоҷикӣ мувофиқ нест ва аз ин рӯ, ташвиқ карда намешавад. Ғайр аз ин, дар яке аз бахшҳо гуфта мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятй бо калӯш, куртаҳои шабона сайру гашт кардан мумкин нест. Либосҳои аз матоъҳои синтетикӣ духташуда, ки зарароваранд, низ тавсия мешавад, ки дурӣ ҷуст.
https://sputnik.tj/20230307/zanon-eron-bo-libos-milli-1055356876.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101497/95/1014979582_170:0:1431:946_1920x0_80_0_0_7e4027a20fb9a65ec70f8916219a3964.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон
Эрон ҳиҷоби занонро тавассути камераҳои ҳушманд назорат мекунад
Заноне, ки дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври номуносиб либос пӯшидаанд тавассути камераҳо "шикор" мешаванд ва баъдан огоҳӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Эрон ба насби камераҳои видеоии ҳушманд шурӯъ кардааст, то занонеро, ки бе ҳиҷоб мегарданд ва ё номуносиб мепӯшанд, ошкор кунад.
Дар ин бора хабаргузории Tasnim бо такя ба баёнияи вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.
Чунин заноне, ки дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба камераҳои меафтанд, огоҳиномаҳо дар бораи оқибатҳои ҳуқуқии вайронкунии такрорӣ мегиранд.
Гуфта мешавад, ки ин тадбир ба хотири "ҷилавгирӣ аз ташаннуҷ ва низоъҳои байни шаҳрвандон" марбут ба пӯшидани рӯсарӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки "Дастурномаи тавсияшаванда оид ба либос барои духтарон ва занон" дар Тоҷикистон нашр шуд.
Тибқи дастур, пӯшидани сатри сиёҳ ва ҳиҷоб ба услуби миллии тоҷикӣ мувофиқ нест ва аз ин рӯ, ташвиқ карда намешавад.
Ғайр аз ин, дар яке аз бахшҳо гуфта мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятй бо калӯш, куртаҳои шабона сайру гашт кардан мумкин нест.
Либосҳои аз матоъҳои синтетикӣ духташуда, ки зарароваранд, низ тавсия мешавад, ки дурӣ ҷуст.