https://sputnik.tj/20230821/fojia-margbor-ruz-istirohat-tojikiston-1058943591.html
Cабти фоҷиаҳои маргбор тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон
Cабти фоҷиаҳои маргбор тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сабти ҳолатҳои ғаршавии одамон, аз ҷумла ноболиғон дар обҳои кишвар гузориш дод
2023-08-21T12:12+0500
2023-08-21T12:12+0500
2023-08-21T19:26+0500
дар тоҷикистон
оббозӣ
ғарқ
бехатарӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_0:53:3071:1780_1920x0_80_0_0_878a3d0c4b8b661502d747cacdde3a70.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Се нафар дар Тоҷикистон дар давоми рӯзҳои истироҳати гузашта ғарқ шудаанд, ки яке аз онҳо ноболиғ мебошад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки офатҳои табиӣ ва техногенӣ тайи ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ сабт нашудаст. Ин ниҳод ҳолатҳои ғарқшавии одамонро ба беназоратии волидон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рабт дод. Манбаъ зикр намуд, ки нисфирӯзи 20 август ҷавони 19-сола, сокини деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара ҳангоми гирифтани об ба канал сарозер гардида, ғарқ шудааст. Ҷасади марҳумро мардуми маҳаллӣ ёфта, ба наздиконаш супоридаанд. Ҳодисаи дуввуми ғарқшавӣ дар шаҳри Ваҳдат шоми 20 август рух додаст. Сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3-и ҷамоати деҳоти Гулистон ҳангоми оббозӣ дар наҳри маҳаллашон ғарқ гардидаст. Таъкид гардид, ки ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ то ҳол аз сӯи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон идома дорад. Ҳодисаи сеюми маргбор дар шимоли Тоҷикистон сабт шудааст, ки сокини 53-солаи деҳаи Хуҷаи Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент ҳангоми оббозӣ дар кӯли якуми "Ҳафткӯл", воқеъ дар ҳудуди деҳаи Шинг, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст. Манбаъ афзуд, ки гурӯҳи ғаввосон аз Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Кумита ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ҷустуҷӯи ҷасади марди ғарқшуда идома дорад.Бо зикри ин ҳолатҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок худдорӣ намоянду қоидаҳои бехатариро ба кӯдаконашон низ фаҳмонанд.
https://sputnik.tj/20230804/afzoishi-gharqshav-tojikiston-aksariyat-1058631226.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_86ddd8e7225c59835011cf5bbd90b9cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарқ, истироҳат, оббозӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
ғарқ, истироҳат, оббозӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Cабти фоҷиаҳои маргбор тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон
12:12 21.08.2023 (Навсозишуда: 19:26 21.08.2023) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сабти ҳолатҳои ғаршавии одамон, аз ҷумла ноболиғонро дар обҳои кишвар гузориш дод
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Се нафар дар Тоҷикистон дар давоми рӯзҳои истироҳати гузашта ғарқ шудаанд, ки яке аз онҳо ноболиғ мебошад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки офатҳои табиӣ ва техногенӣ тайи ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ сабт нашудаст.
Ин ниҳод ҳолатҳои ғарқшавии одамонро ба беназоратии волидон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рабт дод.
Манбаъ зикр намуд, ки нисфирӯзи 20 август ҷавони 19-сола, сокини деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара ҳангоми гирифтани об ба канал сарозер гардида, ғарқ шудааст. Ҷасади марҳумро мардуми маҳаллӣ ёфта, ба наздиконаш супоридаанд.
Ҳодисаи дуввуми ғарқшавӣ дар шаҳри Ваҳдат шоми 20 август рух додаст. Сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3-и ҷамоати деҳоти Гулистон ҳангоми оббозӣ дар наҳри маҳаллашон ғарқ гардидаст.
Таъкид гардид, ки ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ то ҳол аз сӯи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон идома дорад.
Ҳодисаи сеюми маргбор дар шимоли Тоҷикистон сабт шудааст, ки сокини 53-солаи деҳаи Хуҷаи Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент ҳангоми оббозӣ дар кӯли якуми "Ҳафткӯл", воқеъ дар ҳудуди деҳаи Шинг, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст.
Манбаъ афзуд, ки гурӯҳи ғаввосон аз Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Кумита ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ҷустуҷӯи ҷасади марди ғарқшуда идома дорад.
Бо зикри ин ҳолатҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок худдорӣ намоянду қоидаҳои бехатариро ба кӯдаконашон низ фаҳмонанд.