https://sputnik.tj/20230821/diplomat-javoni-iiao-hamgiro-1058963135.html
Дипломатҳои ҷавони ИИАО ҳамгироиро баррасӣ карданд
Дипломатҳои ҷавони ИИАО ҳамгироиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти дипломатҳои ҷавон аз даҳҳо кишвари қораҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Русия дар шаҳри Қазон баргузор карда шуд
2023-08-21T18:20+0500
2023-08-21T18:20+0500
2023-08-21T19:10+0500
сиёсат
дипломат
ҷавонон
иттиҳоди иқтисодии уросиё
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817449_0:0:3291:1851_1920x0_80_0_0_8d18cf20d0400fb737f02bc6a977a640.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дипломатҳои ҷавон аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Форуми VI ҷаҳонии дипломатҳои ҷавон дар Қазон иштирок карданд. Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё? ин ҳамоиш беш аз 130 дипломати ҷавон аз 40 кишвари ИДМ, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотиниро гирди ҳам овард. Манбаъ афзуд, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш машварати Шӯрои дипломатҳои ҷавони Вазорати умури хориҷии Русия бо дипломатҳои ҷавони ИИАО баргузор гардид. Муовини раиси Шӯрои ҷавонони ИИАО Иля Кузмичев ба иштирокчиён дар бораи самтҳои кунунии кор оид барои ҷалби васеи ҷавонон, доираҳои омӯзишӣ ва коршиносӣ ба равандҳои ҳамгироии АвруОсиё маълумот дод. Кузмичев ҳамчунин дипломатҳои ҷавони ИИАО-ро ба рушди шаклҳои мухталифи ҳамкориҳо дар фазои Авруосиё, инчунин ҳамоҳангсозии талошҳо дар доираи чорабиниҳои бузурги қарибулвуқӯи ҷавонон даъват намуд. Маврид ба зикр аст, ки соли 2024 - Форуми ҷавонони ИДМ ва ИИАО ва Ҷашнвораи умумиҷаҳонии ҷавонон дар назар аст. Баррасии ҳамгироӣ дар сатҳи ҷавонон дар ҳолест, ки ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки шарикони Маскав дар ИИАО ва СААД таҳти фишори шадиди давлатҳои ғайридӯст қарор доранд. Сухан сари таҳдидҳо барои маҷбур кардани шарикон ба рӯй гардондан аз ҳамкории қонунӣ бо Маскав меравад, тавзеҳ дод Сергей Лавров. Вай афзуд, ки таълими тарзи рафтор ба кишварҳои дигар хоси Русия нест, аммо дар маҷмуъ Маскав интизор дорад, ки шарикон дар ИИАО ва СААД бо таҳрики кишварҳои сеюм, иқдоме хилофи уҳдадориҳояшон дар ин созмонҳо намекунанд.
https://sputnik.tj/20230818/iiao-misr-darvoza-afriqo-qohira-rushd-tijorat-barrasi-1058911354.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817449_378:0:3109:2048_1920x0_80_0_0_1777cf997eb7744a229d1961de4c1c98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамоиш, дипломат, ҷаҳон, ҷавон, русия, қазон
ҳамоиш, дипломат, ҷаҳон, ҷавон, русия, қазон
Дипломатҳои ҷавони ИИАО ҳамгироиро баррасӣ карданд
18:20 21.08.2023 (Навсозишуда: 19:10 21.08.2023) Мулоқоти дипломатҳои ҷавон аз даҳҳо кишвари қораҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Русия дар шаҳри Қазон баргузор карда шуд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дипломатҳои ҷавон аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Форуми VI ҷаҳонии дипломатҳои ҷавон дар Қазон иштирок карданд.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё? ин ҳамоиш беш аз 130 дипломати ҷавон аз 40 кишвари ИДМ, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотиниро гирди ҳам овард.
Манбаъ афзуд, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш машварати Шӯрои дипломатҳои ҷавони Вазорати умури хориҷии Русия бо дипломатҳои ҷавони ИИАО баргузор гардид.
Муовини раиси Шӯрои ҷавонони ИИАО Иля Кузмичев ба иштирокчиён дар бораи самтҳои кунунии кор оид барои ҷалби васеи ҷавонон, доираҳои омӯзишӣ ва коршиносӣ ба равандҳои ҳамгироии АвруОсиё маълумот дод.
Кузмичев ҳамчунин дипломатҳои ҷавони ИИАО-ро ба рушди шаклҳои мухталифи ҳамкориҳо дар фазои Авруосиё, инчунин ҳамоҳангсозии талошҳо дар доираи чорабиниҳои бузурги қарибулвуқӯи ҷавонон даъват намуд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2024 - Форуми ҷавонони ИДМ ва ИИАО ва Ҷашнвораи умумиҷаҳонии ҷавонон дар назар аст.
Баррасии ҳамгироӣ дар сатҳи ҷавонон дар ҳолест, ки ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки шарикони Маскав дар ИИАО ва СААД таҳти фишори шадиди давлатҳои ғайридӯст қарор доранд.
Сухан сари таҳдидҳо барои маҷбур кардани шарикон ба рӯй гардондан аз ҳамкории қонунӣ бо Маскав меравад, тавзеҳ дод Сергей Лавров.
Вай афзуд, ки таълими тарзи рафтор ба кишварҳои дигар хоси Русия нест, аммо дар маҷмуъ Маскав интизор дорад, ки шарикон дар ИИАО ва СААД бо таҳрики кишварҳои сеюм, иқдоме хилофи уҳдадориҳояшон дар ин созмонҳо намекунанд.