ИИАО Мисрро “дарвоза” ба Африқо хонду бо Қоҳира рушди тиҷоратро баррасӣ кард

© Пресс-служба Евразийский экономический союзСотрудничество ЕАЭС с Египтом
Сотрудничество ЕАЭС с Египтом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Кишварҳои узви ИИАО барои роҳ ёфтан ба бозорҳои Африқо Мисрро роҳи хубе медонанд ва шартномаҳои дар ин замина басташуда ба рушди ҳамкориҳо мусоидат мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар Маскав даври шашуми музокирот оид ба бастани созишнома дар бораи таҳияи минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Миср доир гашт.
Ин иҷлосия дар заминаи ҳамкории фаъоли кишварҳои ИИАО ва давлатҳои Шарқи Араб, инчунин, нишасти дуюми Русия ва Африқо, ки ба наздикӣ анҷом ёфт, доир шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти дастгоҳи марказии созмони тиҷоратӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, миёни кишварҳои узви ташкилот ва ҷумҳуриҳои арабӣ алоқаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ мавҷуданд, ки ин ба амалӣ гардидани савдои тарафайн дар хариду фурӯши молҳои гуногун - ҳатто дар шароити мураккаби геополитикии имрӯза - мусоидат мекунад.
“Дар оянда созишномаи барои густариши ҳамкорӣ бо шарикони мисрӣ барои корхонаҳои ИИАО, ки Мисрро ҳамчун “дарвоза” ба Африқо меҳисобанд, заминаи зарурӣ фароҳам меорад”, - афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки шартнома инчунин ба афзоиши сармоягузории байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар натиҷаи муколама, ки аз 15 то 17 август баргузор шуд, ҷонибҳо нияти бастани як созишномаи бузургро тасдиқ намуданд.
Флаги стран участниц ЕАЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Шохиси қимати масрафкунанда дар қаламрави ИИАО боло рафтааст
“Дар мавриди мувофиқа кардани бобҳои қисми танзими лоиҳаи созишнома пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Мо дар бораи тадбирҳои минбаъда оид ба баррасии ҳарчи зудтари масъалаҳои боқимонда дар формати машваратҳои байни иҷлосия мувофиқа кардем”, - гуфт Михаил Черекаев, муовини директори департаменти сиёсати тиҷоратии Комиссияи иқтисодии Авруосиё.
Маврид ба зикр аст, ки тасмими оғози музокирот бо Ҷумҳурии Мисри Арабро Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё соли 2016 қабул карда буд.
Лентаи хабарҳо
0