https://sputnik.tj/20230821/bonk-rushd-avruosiyo-iqtisodi-tojikiston-1058961049.html
Пешгӯии Бонки авруосиёии рушд дар мавриди нархҳо дар Тоҷикистон
Пешгӯии Бонки авруосиёии рушд дар мавриди нархҳо дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони Бонки рушди АвруОсиё таҳлилашон дар мавриди вазъи иқтисоди кишварҳои узви бонк, аз ҷумла дар мавриди Тоҷикистонро низ нашр намудаанд
2023-08-21T16:58+0500
2023-08-21T16:58+0500
2023-08-21T18:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
авруосиё
бонки авруосиёгии рушд
нарх
таваррум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бонки авруосиёии рушд болоравии сатҳи таваррум ва афзоиши нархҳоро дар Тоҷикистон то охири соли 2023 пешгӯӣ кардааст. Бар асоси таҳлили коршиносони бонк, таваррум дар ҷумҳурӣ ба далели болоравии нархҳои истеъмолии маҳсулоти Русия боло хоҳад рафт. Таъкид шудааст, ки маҳз Русия аз содиркунандаҳои аслии коло ба Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин коршиносони Бонки авруосиёии рушд интизор доранд, ки қурби пули миллӣ дар Тоҷикистон майли поинравӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ба ҳолати ҷамъбасти моҳи июл сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 2,3% баробар шудааст, ки ин дар муқоиса бо моҳҳои май ва июн 0,1% камтар мебошад, омадааст дар гузориши Бонк. Омили боздоранди нархҳо дар бозори Тоҷикистон то ҳол қурби муътадили пули миллӣ - сомонӣ дар баробари доллар арзёбӣ мешавад. Нашри ин таҳлил дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз болоравии нархи сӯзишворӣ то 1 сентябри соли равон хабар дода буд. Таъминкунандаи аслии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон Русия мебошад. Гази моеъ ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.
https://sputnik.tj/20230818/ayb-benzin-narkh-gaz-bolo-1058910864.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ, нарх, баор, таҳлил, таваррум
пешгӯӣ, нарх, баор, таҳлил, таваррум
Пешгӯии Бонки авруосиёии рушд дар мавриди нархҳо дар Тоҷикистон
16:58 21.08.2023 (Навсозишуда: 18:58 21.08.2023) Коршиносони Бонки авруосиёии рушд таҳлилашон дар мавриди вазъи иқтисоди кишварҳои узви бонк, аз ҷумла дар мавриди Тоҷикистон нашр намудаанд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бонки авруосиёии рушд болоравии сатҳи таваррум ва афзоиши нархҳоро дар Тоҷикистон то охири соли 2023 пешгӯӣ кардааст.
Бар асоси таҳлили коршиносони бонк, таваррум дар ҷумҳурӣ ба далели болоравии нархҳои истеъмолии маҳсулоти Русия боло хоҳад рафт. Таъкид шудааст, ки маҳз Русия аз содиркунандаҳои аслии коло ба Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин коршиносони Бонки авруосиёии рушд интизор доранд, ки қурби пули миллӣ дар Тоҷикистон майли поинравӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки ба ҳолати ҷамъбасти моҳи июл сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 2,3% баробар шудааст, ки ин дар муқоиса бо моҳҳои май ва июн 0,1% камтар мебошад, омадааст дар гузориши Бонк.
Омили боздоранди нархҳо дар бозори Тоҷикистон то ҳол қурби муътадили пули миллӣ - сомонӣ дар баробари доллар арзёбӣ мешавад.
Нашри ин таҳлил дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз болоравии нархи сӯзишворӣ то 1 сентябри соли равон хабар дода буд.
Таъминкунандаи аслии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон Русия мебошад. Гази моеъ ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.