https://sputnik.tj/20230820/rustami-emomali-chin-raft-1058932920.html
Рустами Эмомалӣ ба Чин рафт
Рустами Эмомалӣ ба Чин рафт
Sputnik Тоҷикистон
Сафари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, ё худ роҳбари палатаи болоии кишвар ба ҷумҳурии мардумии Чин мақоми расмиро дорад
2023-08-20T12:46+0500
2023-08-20T12:46+0500
2023-08-20T12:47+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
рустами эмомалӣ
роҳ
чин
боздид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0b/1048346604_0:0:791:445_1920x0_80_0_0_3bf050e8a7cf10cbfb8430239737d68d.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ рӯзи 20 август озими Чин шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ. Ба иттилои манбаъ, дар ин сафари сафари расмӣ Рустами Эмомалиро намояндагони баландпояи ҳукумат, парлумон ва бахши хусусӣ намояндагӣ мекунанд. Аз ҳукумат ҳамроҳи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Чин аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Завқӣ Завқизода рафтааст. Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи палатаи болоии парлумон низ Рустами Эмомалиро ҳамроҳӣ мекунанд. Роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, намояндагони бахши соҳибкорӣ, инчунин дигар шахсони расмӣ низ ба Чин рафтаанд. Гуфта мешавад, ки сафари расмии Рустами Эмомалӣ бо даъвати ҷониби Чин сурат гирифта, ба иттилои расонаҳои кишвари мизбон интизор меравад, ки то 23 август идома кунад. Чин яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба ҷумҳурӣ дар бахшҳои мухталиф, аз энергетика то куҳкорию роҳсозӣ сармоягузорӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20230727/chin-maqomoti-khatlon-samti-iqtisodi-sabz-hamkori-1058485343.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0b/1048346604_83:0:676:445_1920x0_80_0_0_8de38ca4d536ac28a08c05875276a0e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ, чин, мулоқот, ҷумҳурӣ, мардумӣ
рустами эмомалӣ, чин, мулоқот, ҷумҳурӣ, мардумӣ
Рустами Эмомалӣ ба Чин рафт
12:46 20.08.2023 (Навсозишуда: 12:47 20.08.2023) Сафари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, ё худ роҳбари палатаи болоии кишвар ба ҷумҳурии мардумии Чин мақоми расмиро дорад
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ рӯзи 20 август озими Чин шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафари сафари расмӣ Рустами Эмомалиро намояндагони баландпояи ҳукумат, парлумон ва бахши хусусӣ намояндагӣ мекунанд.
Аз ҳукумат ҳамроҳи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Чин аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Завқӣ Завқизода рафтааст.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи палатаи болоии парлумон низ Рустами Эмомалиро ҳамроҳӣ мекунанд.
Роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, намояндагони бахши соҳибкорӣ, инчунин дигар шахсони расмӣ низ ба Чин рафтаанд.
Гуфта мешавад, ки сафари расмии Рустами Эмомалӣ бо даъвати ҷониби Чин сурат гирифта, ба иттилои расонаҳои кишвари мизбон интизор меравад, ки то 23 август идома кунад.
Чин яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба ҷумҳурӣ дар бахшҳои мухталиф, аз энергетика то куҳкорию роҳсозӣ сармоягузорӣ мекунад.