Ҷаласаи Путин дар ситоди гурӯҳи амалиёти вижа - видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия ахиран дар ситоди гурӯҳи амалиёти вижаи дар шаҳри Ростови лаби Дон бо генералҳо ҷаласа баргузор кард
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Ростови лаби Дон дар қароргоҳи гурӯҳе, ки амалиёти вижаро дар қаламрави Украина идора мекунад, ҷаласа баргузор кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст.
"Президент ҳисоботу пешниҳодҳои сардори Ситод генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов, фармондеҳони минтақаҳо ва дигар афсарони воломақоми гурӯҳро шунид", — гуфта мешавад дар Кремл.
Путин аҳамияти низоми додгоҳиро фаҳмонд
Тафсилоти мулоқот аз сӯи дафтари матбуоти раисҷумҳур мушаххас нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин қаблан дар ситоди фармондеҳии амалиёти вижа дар шаҳри Ростов-на-Дону моҳи марти соли ҷорӣ мулоқот карда буд.
Мохи апрель президенти Русия аз ситоди гурӯҳи қушунҳои "Днепр" дар самти Херсон дидан карда буд.
Лентаи хабарҳо
0