https://sputnik.tj/20230818/putin-ahamiyat-nizom-dodgohi-1058912703.html
Путин аҳамияти низоми додгоҳиро фаҳмонд
Путин аҳамияти низоми додгоҳиро фаҳмонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русиябо ишора ба таҳкими низоми додгоҳӣ дар кишвар таъкид намуд, ки он заминаи устувор барои пешрафтҳои иқтисодӣ хоҳад шуд
2023-08-18T17:29+0500
2023-08-18T17:29+0500
2023-08-18T20:12+0500
дар русия
ба додгоҳ
суди олӣ
мулоқот
владимир путин
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058820072_0:0:3116:1753_1920x0_80_0_0_1947ba8a90d4d03c38d77dc14fd1b9f0.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Низоми додгоҳии Русия мувофиқи ниёзҳои иқтисоди кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи башар рушд мекунад. Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раиси Додгоҳи олии кишвар Вячеслав Лебедев баён дошт. "Муҳимтар аз ҳама он аст, ки мувофиқи талаботи иқтисод, пеш аз ҳама барои шаҳрвандони мо - ба хотири ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо - инкишоф меёбад", - афзуд Путин ва таъкид намуд, ки ин аз ҳама муҳим мебошад. Раисҷумҳур дар хитоб ба роҳбари Додгоҳи олии Русия афзуд, ки маҳз низоми додгоҳӣ барои рушд такон мебахшад, аёну дақиқ нишон медиҳад, ки бояд чӣ гуна, ба куҷо, бо кадом суръат ҳаракат кард. Вай афзуд, Русия роҳи хеле мураккаби рушди худро тай карда истодааст ва таҳкими низоми додгоҳии ин кишвар асоси мавҷудияти давлатдорӣ мебошад. "Кишвари мо роҳи хеле душвори рушди худро тай мекунад, хеле душворро. Таҳкими низоми судӣ ва умуман низоми ҳуқуқии кишвар, бешубҳа, на танҳо барои рушд, балки заминаи мавҷудияти давлату давлатдории Русия аст", - гуфт Путин. Дар ин дидор Путин ба Лебедев ордени Андрей Первозваннийи муқаддасро "барои хидматҳои барҷаста дар рушди низоми додгоҳии ватанӣ" тақдим кард.
https://sputnik.tj/20230731/patrushev-piruzi-rusiya-ukraina-takon-1058558090.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058820072_378:0:3109:2048_1920x0_80_0_0_b1871b19136cfc39a469ed7ffbadcc02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, низом, додгоҳӣ, таҳким, устувор
владимир путин, низом, додгоҳӣ, таҳким, устувор
Путин аҳамияти низоми додгоҳиро фаҳмонд
17:29 18.08.2023 (Навсозишуда: 20:12 18.08.2023) Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки таҳкими низоми додгоҳӣ дар кишвар заминаи устувор барои пешрафтҳои иқтисодӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Низоми додгоҳии Русия мувофиқи ниёзҳои иқтисоди кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи башар рушд мекунад.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раиси Додгоҳи олии кишвар Вячеслав Лебедев баён дошт.
"Муҳимтар аз ҳама он аст, ки мувофиқи талаботи иқтисод, пеш аз ҳама барои шаҳрвандони мо - ба хотири ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо - инкишоф меёбад", - афзуд Путин ва таъкид намуд, ки ин аз ҳама муҳим мебошад.
Раисҷумҳур дар хитоб ба роҳбари Додгоҳи олии Русия афзуд, ки маҳз низоми додгоҳӣ барои рушд такон мебахшад, аёну дақиқ нишон медиҳад, ки бояд чӣ гуна, ба куҷо, бо кадом суръат ҳаракат кард.
Вай афзуд, Русия роҳи хеле мураккаби рушди худро тай карда истодааст ва таҳкими низоми додгоҳии ин кишвар асоси мавҷудияти давлатдорӣ мебошад.
"Кишвари мо роҳи хеле душвори рушди худро тай мекунад, хеле душворро. Таҳкими низоми судӣ ва умуман низоми ҳуқуқии кишвар, бешубҳа, на танҳо барои рушд, балки заминаи мавҷудияти давлату давлатдории Русия аст", - гуфт Путин.
Дар ин дидор Путин ба Лебедев ордени Андрей Первозваннийи муқаддасро "барои хидматҳои барҷаста дар рушди низоми додгоҳии ватанӣ" тақдим кард.