https://sputnik.tj/20230819/beobi-mushkiloti-zafarobod-1058926013.html
Беобӣ - мушкилоти №1 дар Зафаробод
Беобӣ - мушкилоти №1 дар Зафаробод
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд бо дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ ва корҳои ба нақшагирифташуда, мушкилоти беобӣ дар ноҳияи ЗАфаробод ҳалли худро пайдо хоҳад кард
2023-08-19T14:59+0500
2023-08-19T14:59+0500
2023-08-19T14:59+0500
дар тоҷикистон
мақомот
об
беобӣ
мушкилот
суғд
зафаробод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043241250_0:92:3317:1958_1920x0_80_0_0_8ae1abd3c50158a1e1ad954fe12a274b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд беобӣ аз мушкилоте, ки дар ноҳияи Зафаробод то боқӣ мемонад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.Ба иттилои манбаъ, 35865 гектар заминҳои обёришавандаи ноҳияи Зафаробод пурра тавассути 14 пойгоҳу 57 дастгоҳи обкашӣ, 19000 метр лӯлаҳои баландфишори қутрашон аз 1000 то 2400 мм, шабакаҳои обёрӣ бо дарозии 775,5 км, заҳбуру заҳкашҳо 163,6 км ва бо 417 иншооти гидротехникӣ обёрӣ мешаванд.Дар ноҳияи Зафаробод 12268 гектар замини обёришавандаи пойгоҳи обкашии ПОМ-1 тавассути канали ТМ-1 ва 23200 гектар замини обёришавандаи пойгоҳи обкашии ПОМ-2 тавассути канали ТМ-2 бо оби полизӣ таъмин мегарданд.Таъкид гардидидааст, ки рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз фаъолияти мунтазами силсилапойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл ва Қизилӣ, ки бо 33 дастгоҳи обкашӣ, аз ҷумла 19 дастгоҳи обкашии 52-В-11 бо муҳаррикҳои барқӣ бо тавоноии 8000 кВт/соат, 375 гардиш/дақиқа, бо иқтидори оббарории 6 м3/сония муҷаҳҳаз гардидаанд, вобастагии калон дорад.Иншооти обёрии мошинии минтақаҳои мазкур аз солҳои 60-уми қарни гузашта мавриди истифода қарор гирифта, муҳлати истифодаашон аз меъёр 3-4 маротиба гузаштааст.Ҳамзамон аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дархости лоиҳаи барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл дар ноҳияи Зафаробод ба маблағи 59 млн доллар таҳия гардида, барои маблағгузорӣ ба рӯйхати "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025" ворид карда шуд.Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва вилояти Суғд барои пойгоҳи обкашии Мирзочӯли ноҳияи Зафаробод як дастгоҳи обкашии бо муҳаррики барқии 7000 кВт/соат ва қисмҳои эҳтиётиаш аз ширкати истеҳсолкунандаи чинӣ харидорӣ ва ворид карда шуд.Корҳои аз васл озод кардани дастгоҳи обкашии ва насби таҷҳизоти нав баъд аз мавсими обёрӣ оғоз мегарданд, ки тавассути канали ТМ-2 таъмини оби полизӣ беҳтар хоҳад шуд.Тибқи нақшаи амали солҳои 2023-2025-и барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл ва ДВГНС ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.Таъкид шудааст, ки сурати гаштани Барномаи мазкур ва дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ, корҳои зикршуда амалӣ гардида, мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро меёбанд.
https://sputnik.tj/20230731/beobi-talafyobi-zamini-pakhta-shud-1058554591.html
суғд
зафаробод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043241250_293:0:3024:2048_1920x0_80_0_0_13963f34408a6f00da55af021a93743c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, зафаробод, беобӣ, мушкилот, мақомот,таъмин об
тоҷикистон, зафаробод, беобӣ, мушкилот, мақомот,таъмин об
Беобӣ - мушкилоти №1 дар Зафаробод
Мақомот мегӯяд бо дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ ва корҳои ба нақшагирифташуда, мушкилоти беобӣ дар ноҳияи ЗАфаробод ҳалли худро пайдо хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд беобӣ аз мушкилоте, ки дар ноҳияи Зафаробод то боқӣ мемонад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ, 35865 гектар заминҳои обёришавандаи ноҳияи Зафаробод пурра тавассути 14 пойгоҳу 57 дастгоҳи обкашӣ, 19000 метр лӯлаҳои баландфишори қутрашон аз 1000 то 2400 мм, шабакаҳои обёрӣ бо дарозии 775,5 км, заҳбуру заҳкашҳо 163,6 км ва бо 417 иншооти гидротехникӣ обёрӣ мешаванд.
Дар ноҳияи Зафаробод 12268 гектар замини обёришавандаи пойгоҳи обкашии ПОМ-1 тавассути канали ТМ-1 ва 23200 гектар замини обёришавандаи пойгоҳи обкашии ПОМ-2 тавассути канали ТМ-2 бо оби полизӣ таъмин мегарданд.
Таъкид гардидидааст, ки рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз фаъолияти мунтазами силсилапойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл ва Қизилӣ, ки бо 33 дастгоҳи обкашӣ, аз ҷумла 19 дастгоҳи обкашии 52-В-11 бо муҳаррикҳои барқӣ бо тавоноии 8000 кВт/соат, 375 гардиш/дақиқа, бо иқтидори оббарории 6 м3/сония муҷаҳҳаз гардидаанд, вобастагии калон дорад.
Иншооти обёрии мошинии минтақаҳои мазкур аз солҳои 60-уми қарни гузашта мавриди истифода қарор гирифта, муҳлати истифодаашон аз меъёр 3-4 маротиба гузаштааст.
Ҳамзамон аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дархости лоиҳаи барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл дар ноҳияи Зафаробод ба маблағи 59 млн доллар таҳия гардида, барои маблағгузорӣ ба рӯйхати "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025" ворид карда шуд.
Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва вилояти Суғд барои пойгоҳи обкашии Мирзочӯли ноҳияи Зафаробод як дастгоҳи обкашии бо муҳаррики барқии 7000 кВт/соат ва қисмҳои эҳтиётиаш аз ширкати истеҳсолкунандаи чинӣ харидорӣ ва ворид карда шуд.
Корҳои аз васл озод кардани дастгоҳи обкашии ва насби таҷҳизоти нав баъд аз мавсими обёрӣ оғоз мегарданд, ки тавассути канали ТМ-2 таъмини оби полизӣ беҳтар хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи амали солҳои 2023-2025-и барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл ва ДВГНС ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид шудааст, ки сурати гаштани Барномаи мазкур ва дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ, корҳои зикршуда амалӣ гардида, мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро меёбанд.