https://sputnik.tj/20230731/beobi-talafyobi-zamini-pakhta-shud-1058554591.html
Беобӣ боиси талафёбии 1000 гектар замини пахта шуд
Беобӣ боиси талафёбии 1000 гектар замини пахта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф мушкилоти беобӣ, ки боиси талаф ёфтани зироат шудааст то ҳол дар ин минтақа эҳсос мешавад
2023-07-31T18:55+0500
2023-07-31T18:55+0500
2023-07-31T19:28+0500
дар тоҷикистон
бобоҷон ғафуров
пахта
кишоварзӣ
кишт
беобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103142/36/1031423614_0:695:2048:1847_1920x0_80_0_0_cf6c92d49d06e5eb5774d9dfd280c15f.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Раиси ноҳия Салимзода Нусратулло зимни нишасти хабарияш гуфт, ки мақомоти Бобоҷон Ғафуров бояд мувофиқи дурнамо 8200 гектар пахта кишт мекард.“Мутаасифона як қисми ноҳия аз ҳисоби сой Хоҷабақирғон обёрӣ мешавад, ки вай бевосита ба давлати ҳамсоя алоқамандӣ дорад. Ҳам дар ноҳияи мо ва ҳам Ҷаббор Расулов мушкилот дар самти пахтакорӣ буд”,- гуфт ӯ.Вай афзуд, ки соли равон бештар аз ҳазор гектар замини пахта талаф ёфт.“Хоҷагиҳои Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, як қисми хоҷагиҳои Урумхоҷаев, ҳамчунин хоҷагиҳои минтақаи Хистеварз Овчиқалъача ҳам талаф диданд” – қайд кард оқои Салимзода.Вай гуфт, ки дар гармиҳои имсола мушкилоти обёрӣ низ то ҳозир вуҷуд дорад. Аммо новобаста аз ин кишвоарзон талош доранд, ҳосилро тибқи нақша ҷамъ кунанд.Ба иттилои вай, як қисми ноҳия аз сойи Хоҷабоқирғон обёрӣ мешавад, ки он бевосита ба Қирғизистон алоқамандӣ дорад.Вай қайд кард, кишвари ҳамсоя ҳам дар вохӯриҳо аз камобӣ шикоят мекунад. Мақомдори ноҳия афзуд, ки ба ин нигоҳ накарда талош мекунанд аз кишти боқимонда, ҳосили дилхоҳ ба даст орем.Ин дар ҳолест, ки ба иттило вазорати кишоварзии Тоҷикистон кишти пахта дар саросари кишвар ба маротиб коҳиш ёфтааст.Ба гуфтаи вазорат деҳқонони тоҷик имсол камтар пахта кишт кардаанд.Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон танҳо дар майдони 175 ҳазору 695 гектар замин пахта кишт шудааст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии кишвар.Ба иттилои манбаъ, ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 5847 гектар кам аст.Гуфта мешавад, кишти тиллои сафед тибқи дурнамо танҳо 94% иҷро гардид.
https://sputnik.tj/20230113/jamovarii-tonna-pakhta-khatlon-1054193769.html
бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103142/36/1031423614_0:503:2048:2039_1920x0_80_0_0_b1ab89aa7880cff2f19d389ec8abacac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, беобӣ, гектар, замин, пахта, талаф, зироат, минтақа, мушкилот
тоыикистон, беобӣ, гектар, замин, пахта, талаф, зироат, минтақа, мушкилот
Беобӣ боиси талафёбии 1000 гектар замини пахта шуд
18:55 31.07.2023 (Навсозишуда: 19:28 31.07.2023) Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф мушкилоти беобӣ, ки боиси талаф ёфтани зироат шудааст то ҳол дар ин минтақа эҳсос мешавад
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Раиси ноҳия Салимзода Нусратулло зимни нишасти хабарияш гуфт, ки мақомоти Бобоҷон Ғафуров бояд мувофиқи дурнамо 8200 гектар пахта кишт мекард.
“Мутаасифона як қисми ноҳия аз ҳисоби сой Хоҷабақирғон обёрӣ мешавад, ки вай бевосита ба давлати ҳамсоя алоқамандӣ дорад. Ҳам дар ноҳияи мо ва ҳам Ҷаббор Расулов мушкилот дар самти пахтакорӣ буд”,- гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки соли равон бештар аз ҳазор гектар замини пахта талаф ёфт.
“Хоҷагиҳои Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, як қисми хоҷагиҳои Урумхоҷаев, ҳамчунин хоҷагиҳои минтақаи Хистеварз Овчиқалъача ҳам талаф диданд” – қайд кард оқои Салимзода.
Вай гуфт, ки дар гармиҳои имсола мушкилоти обёрӣ низ то ҳозир вуҷуд дорад. Аммо новобаста аз ин кишвоарзон талош доранд, ҳосилро тибқи нақша ҷамъ кунанд.
Ба иттилои вай, як қисми ноҳия аз сойи Хоҷабоқирғон обёрӣ мешавад, ки он бевосита ба Қирғизистон алоқамандӣ дорад.
“Оби сой дар вақте, ки барои мо 10 куб зарур буд, як куб ҳам дастрас накардем", - гуфт раиси ноҳия.
Вай қайд кард, кишвари ҳамсоя ҳам дар вохӯриҳо аз камобӣ шикоят мекунад.
Мақомдори ноҳия афзуд, ки ба ин нигоҳ накарда талош мекунанд аз кишти боқимонда, ҳосили дилхоҳ ба даст орем.
Ин дар ҳолест, ки ба иттило вазорати кишоварзии Тоҷикистон кишти пахта дар саросари кишвар ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вазорат деҳқонони тоҷик имсол камтар пахта кишт кардаанд.
Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон танҳо дар майдони 175 ҳазору 695 гектар замин пахта кишт шудааст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 5847 гектар кам аст.
Гуфта мешавад, кишти тиллои сафед тибқи дурнамо танҳо 94% иҷро гардид.