https://sputnik.tj/20230818/tim-milli-tojikiston-jomi-merdeka-ishtirok-1058909659.html
Тими миллии Тоҷикистон дар "Ҷоми Мердека" иштирок мекунад
Тими миллии Тоҷикистон дар "Ҷоми Мердека" иштирок мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия нерӯ месанҷад
2023-08-18T14:28+0500
2023-08-18T14:28+0500
2023-08-18T14:28+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
малайзия
бозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057493914_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_ee459a008062f5874fefdb4ecbf6a689.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Тими миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол дар мусобиқаи "Ҷоми Мердека" дар Малайзия ширкат хоҳад кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки иштирок дар ин мусобиқа дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 сурат мегирад. Дар мавриди замони баргузории ин мусобиқаҳо гуфта шуд, ки он дар рӯзҳои ФИФА - моҳи октябри ҳамин сол баргузор мешаванд. Ба иттилои ФФТ, дар даври ниманиҳоии мусобиқоти "Ҷоми Мердека" мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо тими Фаластин бозӣ мекунад. Оғози ин бозӣ соати 13:30 бо вақти Душанбе дар назар аст. Дар вохӯрии дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои Малайзия ва Ҳиндустон нерӯ месанҷанд, афзуд Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ин зӯрозмоӣ соати 18:00 ба нақша гирифта шудааст. Манбаъ таъкид кард, ки ғолибони даври ниманиҳоӣ 17 октябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳое, ки дучори бохт шудаанд, барои нишонҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳама бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур доир мешаванд, афзуд Федератсияи футболи Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20230818/judokoron-tojik-zagreb-grand-prix-sabqat-1058901239.html
малайзия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057493914_51:0:1268:913_1920x0_80_0_0_8fbc364ab206e98168936d010814648d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тим, тоҷикистон, миллӣ, зӯр, нерӯ, марҳила, интихоб
тим, тоҷикистон, миллӣ, зӯр, нерӯ, марҳила, интихоб
Тими миллии Тоҷикистон дар "Ҷоми Мердека" иштирок мекунад
Дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия нерӯ месанҷад
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Тими миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол дар мусобиқаи "Ҷоми Мердека" дар Малайзия ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки иштирок дар ин мусобиқа дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 сурат мегирад.
Дар мавриди замони баргузории ин мусобиқаҳо гуфта шуд, ки он дар рӯзҳои ФИФА - моҳи октябри ҳамин сол баргузор мешаванд.
Ба иттилои ФФТ, дар даври ниманиҳоии мусобиқоти "Ҷоми Мердека" мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо тими Фаластин бозӣ мекунад. Оғози ин бозӣ соати 13:30 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Дар вохӯрии дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои Малайзия ва Ҳиндустон нерӯ месанҷанд, афзуд Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ин зӯрозмоӣ соати 18:00 ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ таъкид кард, ки ғолибони даври ниманиҳоӣ 17 октябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳое, ки дучори бохт шудаанд, барои нишонҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.
Ҳама бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур доир мешаванд, афзуд Федератсияи футболи Тоҷикистон.