Ҷудокорони тоҷик дар Zagreb Grand Prix 2023 бо киҳо вориди сабқат мешаванд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бузург мебоист 5 нафар намояндагӣ кунанд, аммо бо сабаби мушкили раводид се паҳлавон рафта натавонистанд
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи бонуфузи Zagreb Grand Prix 2023 оғоз гардид, ки дар он Тоҷикистонро танҳо ду нафар намояндагӣ мекунад.
Бар асоси қуръакашии Федератсияи байналмилалии ҷудо, ки як рӯз қабл доир гардид, паҳлавонони кишвар бо намояндагони Маҷористон ва Литва дар даври аввал нерӯ месанҷанд.
Имрӯз -18-уми август - мусобиқаҳо бо нерӯсанҷиҳо дар вазнҳои 60кг ва 66 кг миёни мардон ва дар вазнҳои 48 кг, 52 кг ва 57 кг миёни занон оғоз мегарданд
Ҳамин тариқ, Обид Ҷебов дар рӯзи якуми мусобиқа дар вазни то 60 кг бо Андрей Клоков, ҷудокор аз Литва қувва меозмояд.
Зимнан, дар рӯзи дуюм Ҷаҳонгир Маҷидов бо Петер Сафрани аз Маҷористон дар вазни то 90 кг вориди майдони сабқат мешавад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бузург мебоист 5 нафар намояндагӣ кунанд, аммо бо сабаби мушкили раводид Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов рафта натавонистанд.
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Мақомҳои нави ҷудокорони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ баъди бурду бохт дар Маҷористон
Мусобиқа аз 18-ум то 20-уми август дар шаҳри Загреби Хорватия бо ширкати беш аз 560 ҷудокор аз 88 кишвари дунё доир мешавад. Барои иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, қариби 340 мард ва зиёда аз 220 зан номнавис шудаанд.
Рақобатҳо, чун анъана, дар ҳафт вазн миёни мардон ва дар 7 вазн миёни бонувон сурат мегиранд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Аз ҷумла ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 3 ҳазор евро, барандагони медали нуқра 2 ҳазор евро ва барандагони медали биринҷӣ 1 ҳазор евро мукофотпулӣ мегиранд.
Мушкили раводид бори аввал нест, ки монеаи иштироки ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаҳо дар Аврупо мегардад. Қаблан низ ҷудокори тоҷик, Сомон Маҳмадбеков ба далели мушкили раводид натавонист дар мусобиқа дар Маҷористон иштирок намояд.
Лентаи хабарҳо
0