Манзараҳои зебои оромгоҳи Увайси Қаранӣ дар Ховалинг - видео

Обуна шудан
Оромгоҳи ин шахсияти таърихӣ дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, зоирини зиёдро ҷамъ меорад
Ҳамарӯза садҳо сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки аз ноҳияи Ховалинг боздид мекунанд, ҳатман оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат мекунанд.
Оромгоҳи ин шахсияти таърихӣ дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, афроди зиёде барои зиёрату талаби мурод ба ин ҷо меоянд.
Дар маҷмӯъ, Ховалинг 2 осорхона, 60 ёдгории таърихӣ, 3 зиёратгоҳ ва дигар ҷойҳои тамошобоб дорад, ки оромгоҳи Увайси Қаранӣ аз ҷумлаи маъруфтаринҳо мебошад.
Ҳунармандони Самарқанд дар бозсозии Қалъаи Хуҷанд саҳм мегузоранд
Зоирин ҳамарӯза бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои ҳосил шудани муродҳои худ дар ин зиёратгоҳ дуою фотиҳа мекунанд.
Дар гирду атрофи оромгоҳ, ҳамчунин, меҳмонхона барои қабули зиёраткунандагони ин зиёратгоҳ бунёд ёфтааст.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ зимни сафарҳояш ба ноҳияи Ховалинг борҳо оромгоҳи мазкурро зиёрат карда, барои рушду ободии кишвар дуо намуда буд.
Президент масъулинро муваззаф намуда буд, ки гирду атрофи минтақаро ободу барои зиёраткунандаҳо шароити мусоид фароҳам оранд.
Лентаи хабарҳо
0