https://sputnik.tj/20230808/hunarmandon-samarqand-tamiru-bozsozi-qalai-khujand-1058700582.html
Ҳунармандони Самарқанд дар таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд саҳм мегузоранд
Ҳунармандони Самарқанд дар таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд саҳм мегузоранд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати вилояти Суғд эълон кардааст, ки ба сохтмони Қалъаи Хуҷанд зиёда аз 30 нафар устову ҳунармандон аз шаҳри Самарқанд ҷалб карда шудаан
2023-08-08T13:22+0500
2023-08-08T13:22+0500
2023-08-08T19:06+0500
дар тоҷикистон
"қалъаи хуҷанд"
таъмир
сохтмон
самарқанд
ҳунарманд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/08/1058700415_0:64:1280:784_1920x0_80_0_0_d9f80a13819bbcc167c92a21f2cce526.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст, ки зиёда аз 30 нафар устову ҳунармандон аз шаҳри Самарқанд ба корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ дар Қалъаи Хуҷанд машғул мебошанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст. Бино бар иттилои манбаъ, ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд, ки бо ҷалби олимону бостоншиносон ҷараён дорад, шинос шуд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз тақвияти ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдоварӣ намуда, ба масъулин барои идомаи корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод. Ҳукумати Суғд хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир ба корҳои сохтмонӣ беш аз 300 нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки Қалъаи Хуҷанд иншооти бузурги фарҳангӣ буда, бо ибтикори мақомоти вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома доранд.
https://sputnik.tj/20230724/idoma-bozsozi-qalai-khujand-inshoot-aks-1058423867.html
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/08/1058700415_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_3a4bef2469234f8fe48919121a9c2a3d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, самарқанд, сохтмон, таъмир, бозсозӣ, қалаъи хуҷанд, ҳунарманд
тоҷикистон, хуҷанд, самарқанд, сохтмон, таъмир, бозсозӣ, қалаъи хуҷанд, ҳунарманд
Ҳунармандони Самарқанд дар таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд саҳм мегузоранд
13:22 08.08.2023 (Навсозишуда: 19:06 08.08.2023) Ҳукумати вилояти Суғд эълон кардааст, ки ба сохтмони Қалъаи Хуҷанд зиёда аз 30 нафар устову ҳунармандон аз шаҳри Самарқанд ҷалб карда шудаан
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст, ки зиёда аз 30 нафар устову ҳунармандон аз шаҳри Самарқанд ба корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ дар Қалъаи Хуҷанд машғул мебошанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд, ки бо ҷалби олимону бостоншиносон ҷараён дорад, шинос шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз тақвияти ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдоварӣ намуда, ба масъулин барои идомаи корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.
Ҳукумати Суғд хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир ба корҳои сохтмонӣ беш аз 300 нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Қалъаи Хуҷанд иншооти бузурги фарҳангӣ буда, бо ибтикори мақомоти вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.
Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома доранд.