Маҳсулоти кишоварзии ВМКБ аз дигар минтақаҳо камтар, аммо сифаташ фарқкунанда аст

CC0 / pxhere / Грецкие орехи, архивное фото
Грецкие орехи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Кам будани корхонаҳои коркарду бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон яке аз сабабҳои нарасидани он ба бозорҳо арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ аз сифати маҳсулоти кишоварзии вилоят тавсиф кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот гуфт, ҳарчанд Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат замини кишоварзии камтар дорад, вале сифати маҳсулоти он фарқкунанда мебошад.
Ӯ аз ҷумла чормағз, себ, зардолу, тут, анор ва дигар навъҳои мева дар ВМКБ-ро ном бурд, ки дар бозорҳои дохилӣ ва берун аз кишвар талабгоронашони зиёд доранд.
"Дар баробари ин, таъкид бояд кард, ки бо сабаби кам будани шумораи корхонаҳои коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ дарёфти бозори фурӯш ҳамчун яке аз мушкилоти асосӣ боқӣ мондааст", - гуфт Раҳмон.
Гадание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Президент гуфт 2% сокинони ВМКБ ба барқ дастрасӣ надоранд: киҳо?
Вай дастур дод, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав барои зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду баст ва таъсиси марказҳои логистикӣ чора андешанд.
Дар маҷмуъ тибқи омори расмӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ дар 20 соли охир аз ҳисоби афзоиши ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ 1,7 баробар, картошка 2,8 баробар, сабзавот 4,2 баробар ва 2,3 баробар зиёд шудани майдони боғҳо таъмин гардидааст.
Президент таъкид намуд, сокинон бояд ҳар як ваҷаб замини кишоварзиро оқилона истифода бурда, бозори истеъмолии вилоятро бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намоянд.
Лентаи хабарҳо
0