https://sputnik.tj/20230818/prezident-sokinon-vmkb-barq-dastrasi-narorand-kiho-1058904150.html
Президент гуфт 2% сокинони ВМКБ ба барқ дастрасӣ надоранд: киҳо?
Президент гуфт 2% сокинони ВМКБ ба барқ дастрасӣ надоранд: киҳо?
Sputnik Тоҷикистон
Сатҳи таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба 98% расид, ки нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон 7,5 баробар зиёд аст, таъкид дошт президенти ҷумҳурӣ
2023-08-18T12:19+0500
2023-08-18T12:19+0500
2024-02-01T13:57+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
вмкб
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102770/08/1027700802_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_5a915b2484d4a0d3bcbd1ab211291fcc.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Иқтидорҳои истеҳсолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100% аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия иборатанд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо итминон изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир мизони таъмини мардуми вилоят бо нерӯи барқ ба 98% расидааст. Ин нишондод нисбат ба солҳои аввали истиқлолият 7,5 баробар зиёд аст, гуфт роҳбари ҷумҳурӣ. "Он ду дарсади аҳолӣ, ки феълан нерӯи барқ надоранд, сокинони водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб мебошанд", - таъкид кард Раҳмон. Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави вилоят ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа бунёди неругоҳи барқи обии "Себзор" бо тавоноии 11 мегаватт идома дорад, ки соли оянда агрегати якуми он мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.Ёдовар мешавем, ки дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ҳамагӣ 13 дарсади сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як шабонарӯз ба нерӯи барқи 12 соатӣ дастрасӣ доштанд. Дар робита ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, корхонаи энергетикии "Помир" ва ҳукумати вилоят супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, инчунин, нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ пурзӯр намоянд.
https://sputnik.tj/20230810/dar-tojikiston-imsol-ham-limiti-barq-jori-meshavad-1058739430.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102770/08/1027700802_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_ceafc76aa2d2b575178eb6f9ff60e271.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент сокинон вмкб барқ дастрасӣ
президент сокинон вмкб барқ дастрасӣ
Президент гуфт 2% сокинони ВМКБ ба барқ дастрасӣ надоранд: киҳо?
12:19 18.08.2023 (Навсозишуда: 13:57 01.02.2024) Сатҳи таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба 98% расид, ки нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон 7,5 баробар зиёд аст, таъкид дошт президенти ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Иқтидорҳои истеҳсолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100% аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия иборатанд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо итминон изҳор дошт.
"Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда истеҳсоли нерӯи барқ дар вилоят дар соли 2022 нисбат ба соли 1993 2,6 баробар афзоиш ёфтааст", - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир мизони таъмини мардуми вилоят бо нерӯи барқ ба 98% расидааст.
Ин нишондод нисбат ба солҳои аввали истиқлолият 7,5 баробар зиёд аст, гуфт роҳбари ҷумҳурӣ.
"Он ду дарсади аҳолӣ, ки феълан нерӯи барқ надоранд, сокинони водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб мебошанд", - таъкид кард Раҳмон.
Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави вилоят ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа бунёди неругоҳи барқи обии "Себзор" бо тавоноии 11 мегаватт идома дорад, ки соли оянда агрегати якуми он мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ҳамагӣ 13 дарсади сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як шабонарӯз ба нерӯи барқи 12 соатӣ дастрасӣ доштанд.
Дар робита ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, корхонаи энергетикии "Помир" ва ҳукумати вилоят супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, инчунин, нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ пурзӯр намоянд.