Мақомҳои нави ҷудокорони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ баъди бурду бохт дар Маҷористон

© Фото : Международная федерация самбо (ФИАС)Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Обуна шудан
Натиҷаи мусобиқаи устодони ҷудои ҷаҳон - "Hungary Masters-2023", ки паҳлавононро аз феҳрасти сигонаи аввал ҷамъ овард, ба радабандии ҷаҳонӣ таъсир гузошт
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар пайи бурду бохти паҳлавонҳои Тоҷикистон "Hungary Masters-2023" мавқеашон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо тағйир ёфтааст.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои ҷаҳон, паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов ҷои аввалро дар радабандӣ ҳифз намуда, феълан беш аз 3,7 ҳазор хол дорад. Раҳимов дар финали "Hungary Masters-2023" аз рақиби финландияш шикаст хӯрда, барои Тоҷикистон нишони нуқра оварда буд.
Беҳрӯз Хоҷазода барандаи дигари медали нуқраи "Hungary Masters-2023" дар радабандии ҷаҳонӣ боло ҷаҳида, бо наздики 2,4 ҳазор хол дар вазни то 73 кило дар ҷои 7-ум қарор гирифтааст. Хоҷазода то мусобиқа дар Маҷористон дар зинаи 20-уми радабандии ҷаҳонӣ қарор дошт.
Сомон Маҳмадбеков, ки дар вазни то 81 кило дар ҷои 12-уми радабандӣ қарор дошт, бо сабаби мушкили раводид ба Маҷористон рафта натавонист ва мавқеаш дар радабандии ҷаҳонӣ то 20 поин фаромад.
Зебинисо Рустамова: имрӯз дар Тоҷикистон онеро мебинам, ки қаблан орзуяшро доштам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Зебинисо Рустамова: Имрӯз дар Тоҷикистон онеро мебинам, ки қаблан орзуяшро доштам
Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни то 90 кило аз зинаи 11-уми радабандии ҷаҳонӣ ба "Hungary Masters-2023" рафта буд, бе мадал баргашт ва айни ҳол дар зинаи 12-уми радабандӣ қарор дорад.
Дар вазни то 66 кило Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷои 20-уми радабандӣ ва Обид Ҷебов аз зинаи 28-уми радабандӣ ба мусобиқаи Маҷористон рафтанд ва феълан мутаносибан дар зинаҳои 19 ва 23 ҷой доранд.
Мусобиқоти устодони ҷудо - "Hungary Masters-2023" рӯҳои 4-6 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор гардида, аз 5 ҷудокори тоҷик 2 нафарашон соҳиби нишони нуқра гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0