Дар ИМА гуфт, ки ин кишвар дар сурати муноқиша бо Русия ва Чин аз байн хоҳад рафт

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Вашингтон
Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тоби муноқиша бо ду дорандаи силоҳи ҳастаӣ --Федератсия Русия ва Чинро нахоҳад дошт, мегӯяд номзад ба курсии президентӣ
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Дар сурати муноқиша бо Русия ва Чин, Иёлоти Муттаҳида аз байн меравад.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Такер Карлсон барои канали Twitter-и ӯ номзад ба мақоми президентии ИМА Вивек Рамасвами изҳор дошт.

"Ман фикр мекунам, ки агар мо бо иттиҳоди қудратҳои ҳастаии Русия ва Чин ҷанг кунем, тавре ки мо медонем, хатари аз байн рафтани ИМА вуҷуд дорад",- гуфт ӯ.

Ба гуфти Вивек Рамасвами, Иёлоти Муттаҳида қобилияти муҳофизатӣ аз силоҳи ҳастаиро надоранд ва мудофиаи миллӣ “барои мудофеъ муддати тӯлонӣ нест”.
Рӯзи 15 август Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, дар мулоқоти корӣ бо ҳамтои чинии худ Ли Шанфу изҳор дошт, ки Русия ва Чин равобити низомӣ дар сатҳи олӣ доранд.
Раҳбари вазорати дифои Русия таъкид кард, ки ҳамкорӣ бо Пекин ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шаклҳои бисёрҷониба идома дорад.
Совместные учения России и Китая в Японском море: видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Размоиши муштараки Русия ва Чин дар баҳри Ҷопон - видео
Худи ҳамон рӯз Ли Шанфу гуфт, ки ҳамкориҳои Маскаву Пекин дар арсаи низомӣ алайҳи кишварҳои сеюм нигаронида нашудааст.
Рӯзи 16 июл хабар дода шуд, ки Русия ва Чин дар соли 2022 теъдоди рекордии машқҳои муштарак баргузор карданд.
Дар Донишгоҳи миллии дифоъи Иёлоти Муттаҳида аз шаш тамрини муштарак гуфтанд, ки ба андешаи таҳлилгарон, "аҳамияти сиёсӣ доранд".
Лентаи хабарҳо
0