https://sputnik.tj/20230817/tojikistonu-afghoniston-ghallai-qazoqiston-1058887140.html
Тоҷикистону Афғонистон яке аз харидорони асосии ғаллаи Қазоқистон мебошанд
Тоҷикистону Афғонистон яке аз харидорони асосии ғаллаи Қазоқистон мебошанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои таҳлилгарон бештари ғаллаи Қазоқистон ба се кишвари ИДМ - Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон содирот мешавад
2023-08-17T17:59+0500
2023-08-17T17:59+0500
2023-08-17T18:48+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
афғонистон
содирот
ғалла
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056662595_0:166:3053:1883_1920x0_80_0_0_0edf9d996495fa9da5cce8923d5c2eab.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон содироти ғалла аз Қазоқистон ба 3,3 млн тонна расид, иттилоъ додааст сомонаи “energyprom”.Ба иттилои ин сомона, ҳаҷми содирот 876,7 миллион долларро ташкил додааст.Кисми зиёди махсулот — 2,3 миллион тонна ба кишварҳои Иттиходи шӯравии собиқ содирот шудааст. Ин нишондиҳанда назар ба як соли пеш 25,5% зиёд шудааст.Қазоқистон ғайр аз ин се кишвар, ба дигар давлатҳо 974,6 хазор тонна гандум содир кардааст.Афғонистон аз Қазоқистон дар ин давра 318,5 ҳазор тонна гандум харидорӣ кардааст. Содироти гандум ба Афғонистон дар як сол 25,4% афзуд.Ба сегонаи асосии харидорони ғаллаи Қазоқистон Италия (214,5 ҳазор тонна) ва Чин (152,8 ҳазор тонна) низ дохиланд.Дар динамикаи моҳона нархи содиротии ғалла барои кишварҳои ИДМ 5,7% ва барои кишварҳои дигар 0,6%з коҳиш ёфт.Ба иттилои ин манбаъ, тибқи нишондиҳандаҳои моҳона нархҳо дар кишварҳои ИДМ 14,9% коҳиш ёфтаанд, аммо барои кишварҳои дигар 9,7% боло рафтаанд.Дар соли 2023 майдони кишти ғалла дар Қазоқистон 13,7 млн гектарро ташкил дод.гандумзори фарохтарин дар вилояти Акмола — 4,2 млн гектар - мушохида карда шудааст. Ба сегонаи аввал вилоятҳои Қӯстанай (3,8 млн гектар) ва Қазоқистони Шимолӣ (2,6 млн гектар) дохил шуданд.
https://sputnik.tj/20230812/guler-erdughon-rusiya-sozishnoma-ghalla-1058795579.html
қазоқистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056662595_162:0:2893:2048_1920x0_80_0_0_3181a89b6382f1e8dadb5d40490488ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, қазоқистон, харидорӣ, ғалла, таҳлилгарон, идм, содирот
тоҷикистон, афғонистон, қазоқистон, харидорӣ, ғалла, таҳлилгарон, идм, содирот
Тоҷикистону Афғонистон яке аз харидорони асосии ғаллаи Қазоқистон мебошанд
17:59 17.08.2023 (Навсозишуда: 18:48 17.08.2023) Ба иттилои таҳлилгарон бештари ғаллаи Қазоқистон ба се кишвари ИДМ - Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон содирот мешавад
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон содироти ғалла аз Қазоқистон ба 3,3 млн тонна расид, иттилоъ додааст сомонаи “energyprom”.
Ба иттилои ин сомона, ҳаҷми содирот 876,7 миллион долларро ташкил додааст.
Кисми зиёди махсулот — 2,3 миллион тонна ба кишварҳои Иттиходи шӯравии собиқ содирот шудааст. Ин нишондиҳанда назар ба як соли пеш 25,5% зиёд шудааст.
Ӯзбекистон — 1,7 миллион тонна,
Тоҷикистон – 325,1 ҳазор тонна,
Туркманистон — 156,1 хазор тонна.
Қазоқистон ғайр аз ин се кишвар, ба дигар давлатҳо 974,6 хазор тонна гандум содир кардааст.
Афғонистон аз Қазоқистон дар ин давра 318,5 ҳазор тонна гандум харидорӣ кардааст. Содироти гандум ба Афғонистон дар як сол 25,4% афзуд.
Ба сегонаи асосии харидорони ғаллаи Қазоқистон Италия (214,5 ҳазор тонна) ва Чин (152,8 ҳазор тонна) низ дохиланд.
Дар динамикаи моҳона нархи содиротии ғалла барои кишварҳои ИДМ 5,7% ва барои кишварҳои дигар 0,6%з коҳиш ёфт.
Ба иттилои ин манбаъ, тибқи нишондиҳандаҳои моҳона нархҳо дар кишварҳои ИДМ 14,9% коҳиш ёфтаанд, аммо барои кишварҳои дигар 9,7% боло рафтаанд.
Дар соли 2023 майдони кишти ғалла дар Қазоқистон 13,7 млн гектарро ташкил дод.
гандумзори фарохтарин дар вилояти Акмола — 4,2 млн гектар - мушохида карда шудааст. Ба сегонаи аввал вилоятҳои Қӯстанай (3,8 млн гектар) ва Қазоқистони Шимолӣ (2,6 млн гектар) дохил шуданд.