Гюлер: Эрдуғон Русияро барои аз сар гирифтани созишномаи ғалла мутақоид хоҳад кард

© AP / Efrem LukatskyВыгрузка украинского зерна в хранилище
Выгрузка украинского зерна в хранилище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Туркия бар ин бовар аст, ки раисҷуҳури онҳо қодир аст, Русияро дигарбора ба созишномаи ғалла баргардонад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Раҷаб Таййиб Эрдуғон метавонад Русия боваркунонад ва ба созишномаи ғалла дубора ворид кунад. Дар ин бора Яшар Гулер, вазири дифои Туркия ба шабакаи телевизионии Ahaber гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, "маълум аст, ки мутаваққифшудани воридоти ғалла аз Украина ва Русия оқибати нохуш дорад ва метавонад хатари гуруснагӣ ба вуҷуд орад".
"Ба раисиҷумҳури мо масъулияти ҳалли ин мушкилот гузошта шудааст. Бо ташаббуси ӯ, ба кишварҳои ниёзманд беш аз 33 млн тон ғалла интиқол дода шуд. Президенти мо барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Ва ман шахсан бовар дорам, ки президенти мо қодир аст ин мушкилотро ҳал кунад ", гуфт вазир дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Ahaber.
Эрдуғон рӯзи сешанбе гуфт, Анқара тамосҳоро барои аз сар гирифтани "созишномаи ғалла" идома медиҳад.
Ба гуфтаи вай, ҳалли мушкил ба иҷрои ваъдаҳои кишварҳои ғарбӣ бастагӣ дорад. Эрдуғон ҳамчунин изҳор дошт, ки Анқара барои амалӣ намудани идеяи коркарди ғаллаи Федератсияи Русия дар Туркия ва ба кишварҳои фақиртарин интиқол додани он саъй дорад.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
Шартҳо иҷро нашуданд: нуқоти муҳиме, ки Путин дар бораи созишномаи ғалла гуфт
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, тирамоҳи соли гузашта қайд кард, ки Маскав омода аст ба кишварҳои фақир ҳама ғаллаеро, ки тибқи "созишномаи ғалла" барои онҳо пешбинӣ шуда буд, ройгон таъмин кунад.
Муомилоти ғалла 18 июл қатъ шуд, Федератсияи Русия Туркия, Украина ва СММ-ро аз эътирозаш ба тамдиди он огоҳ кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан қайд карда буд, ки бо вуҷуди талошҳои СММ, шартҳои созиш бо Русия риоя нашудаанд, зеро кишварҳои ғарбӣ ба ваъдаҳои худ вафо карданӣ нестанд.
Путин борҳо таъкид кардааст, ки Ғарб бештари ғаллаи Украинаро ба давлатҳои худ содир кардааст ва ҳадафи аслии ин созиш - интиқоли ғалла ба кишварҳои ниёзманд, аз ҷумла ба кишварҳои африқоӣ ҳеҷ гоҳ амалӣ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0