https://sputnik.tj/20230817/tojikiston-uzbekiston-talosh-tashannuj-afghoniston-kohish-1058869238.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна талош доранд, ташаннуҷ дар Афғонистонро коҳиш диҳанд?
Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна талош доранд, ташаннуҷ дар Афғонистонро коҳиш диҳанд?
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсати ҷумҳурӣ нисбат ба Толибон* камтар зиддиятнок шудааст *, роҳбарияти Ӯзбекистон мекӯшад то ҳадди имкон шиддатро коҳиш диҳад, мегӯяд коршиноси низомӣ
2023-08-17T10:21+0500
2023-08-17T10:21+0500
2023-08-17T12:44+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ӯзбекистон
сиёсат
толибон
владимир евсеев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041634395_0:199:3069:1925_1920x0_80_0_0_5de7a3cb02b11f9c575e6ad8acf04fec.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кӯшиш доранд, ки шиддати байни онҳо ва Толибон*, ки ҳоло дар Афғонистон дар сари ҳокимият мебошанд, ба ҳадди имкон кам карда шавад. Ин андешаро ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сардори шӯъбаи ҳамгироӣ ва рушди Авруосиёи СҲШ-и Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Владимир Евсеев изҳор дошт. "Ӯзбекистон на танҳо нисбат ба "Толибон* сиёсати босалоҳият пеш мебарад, балки амнияти максималии диаспораи ӯзбек дар Афғонистонро низ таъмин мекунад, — гуфт коршинос. Сиёсати роҳбарияти Тоҷикистон, гуфт ӯ, низ кам зиддиятнок шудааст, зеро ҳукуматдорон кӯшиш мекарданд, ки баъзе ҳаракатҳоеро, ки ба Толибон* муқобил буданд дастгирӣ кунанд, вале ҳоло қарорҳои мутавозинтар дида мешаванд. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Русия ва Чин дар таъмини амнияти Тоҷикистон дар марзҳо саҳми бузург доранд. "Русия пойгоҳи низомӣ дорад, низомиёни тоҷикро таълим медиҳад ва бо силоҳ таъмин мекунад",- гуфт намояндаи СҲШ.Ба гуфтаи ӯ, Чин ба хадамоти сарҳадӣ ва нерӯҳои интизомӣ дар нигоҳ доштани назорати сарҳад кӯмак мерасонад, ки ин субот дар ҷумҳуриро афзоиш медиҳад. Евсеев афзуд, албатта, хатари эҳтимолӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла, он бештар ба маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, рабт дорад. * - Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230816/dushanbe-mizbon-konfrons-ilmi-afghoniston-1058857130.html
афғонистон
ӯзбекистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041634395_180:0:2911:2048_1920x0_80_0_0_fb309dc9370249a3f17af331d99dd504.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талош душанбе тошканд коҳиши таниш афғонистон
талош душанбе тошканд коҳиши таниш афғонистон
Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна талош доранд, ташаннуҷ дар Афғонистонро коҳиш диҳанд?
10:21 17.08.2023 (Навсозишуда: 12:44 17.08.2023) Сиёсати ҷумҳурӣ нисбат ба Толибон* камтар зиддиятнок шудааст *, роҳбарияти Ӯзбекистон мекӯшад то ҳадди имкон шиддатро коҳиш диҳад, мегӯяд коршиноси низомӣ
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кӯшиш доранд, ки шиддати байни онҳо ва Толибон*, ки ҳоло дар Афғонистон дар сари ҳокимият мебошанд, ба ҳадди имкон кам карда шавад.
Ин андешаро ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сардори шӯъбаи ҳамгироӣ ва рушди Авруосиёи СҲШ-и Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Владимир Евсеев изҳор дошт.
"Ӯзбекистон на танҳо нисбат ба "Толибон* сиёсати босалоҳият пеш мебарад, балки амнияти максималии диаспораи ӯзбек дар Афғонистонро низ таъмин мекунад, — гуфт коршинос.
Сиёсати роҳбарияти Тоҷикистон, гуфт ӯ, низ кам зиддиятнок шудааст, зеро ҳукуматдорон кӯшиш мекарданд, ки баъзе ҳаракатҳоеро, ки ба Толибон* муқобил буданд дастгирӣ кунанд, вале ҳоло қарорҳои мутавозинтар дида мешаванд.
"Ноустувории сиёсии дохилӣ дар Афғонистон хеле баланд аст, аммо таҳдидро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд муболиға кард",- гуфт коршинос.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Русия ва Чин дар таъмини амнияти Тоҷикистон дар марзҳо саҳми бузург доранд.
"Русия пойгоҳи низомӣ дорад, низомиёни тоҷикро таълим медиҳад ва бо силоҳ таъмин мекунад",- гуфт намояндаи СҲШ.
Ба гуфтаи ӯ, Чин ба хадамоти сарҳадӣ ва нерӯҳои интизомӣ дар нигоҳ доштани назорати сарҳад кӯмак мерасонад, ки ин субот дар ҷумҳуриро афзоиш медиҳад.
Евсеев афзуд, албатта, хатари эҳтимолӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла, он бештар ба маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, рабт дорад.
* - Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.