Танҳо роҳ, тан додан ба хостаҳои мардум аст: баҳси сулҳи Афғонистон дар Душанбе

© AFP 2023 / SHAFIULLAH KAKARУлица в Кабуле, Афганистан
Улица в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе як конфронси илмӣ бахшида ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бо ибтикори Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд конфронси илмӣ дар мавзӯи ҳамкориҳо бо Афғонистон дар масъалаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ баргузор гардид.
Конфронс таҳти унвони "Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва таҳдидҳои муосир: таҷрибаи таърихии ҳамкорӣ, вазъияти имрӯза ва дурнамо" бо ширкати олимону коршиносони ин ду кишвар аз саросари ҷаҳон баргузор шуд.
Директори Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақаи Академияи улуми кишвар, Қосимшоҳ Искандаров, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, кишвараш бар муштаракоти фарҳангиву таърихӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо Афғонистон арзиши бузург қойил аст.
Ҳамчунин Душанбе ба талошҳои дуҷонибаву минтақаӣ ва байнулмилалӣ барои суботу амният ва рифоҳи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон пойбанд мебошад, афзуд ӯ.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
Шойгу: таҳдидҳо ба Осиёи Марказӣ аз Афғонистон афзоиш меёбанд
“Ҳадаф аз баргузории ин конфронс, баррасии дастовардҳои ду кишвар дар амри сулҳу суботи минтақа, бахусус, дар мисоли сулҳи тоҷикон, ҳамкорӣ алайҳи терроризми байнулмилалӣ дар замони муқовимати аввал ва даврони ҷумҳурӣ ва зарурати мубориза бо ин хатар, ки бо омадани толибҳо мебошад", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон ширкаткунандагон роҳҳалҳои буҳрони Афғонистонро баррасӣ ва ироа намуданд, изҳор дошт Қосимшоҳ Искандаров.
Баҳсҳои конфронс дар 4 бахш, аз ҷумла сари мавзуъҳои “Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати исломии Афғонистон дар дастёбӣ ба сулҳ”, “Ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон” ва “Ифротгароии исломӣ ва терроризми байнулмилалӣ ҳамчун таҳдид ба амният, иқтисод, ҳувият ва фарҳанги давлатҳои миллӣ дар минтақа” сурат гирифтанд.
Раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, Аҳмад Валӣ Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон бо изҳори сипос аз Академияи улуми ҷумҳурӣ барои баргузории ин конфронс гуфт, Тоҷикистон тӯли таърихи қариб нимасраи Афғонистон, ки пур аз таҳаввулоти ноҳамгуну ногувор буд, ҳамеша худро як кишвари дӯст ва хайрхоҳ ба намоиш гузоштааст.
Вай аз мавқеи Тоҷикистон, ки ин рӯзҳо дар қиболи Афғонистон гирифта шудааст, ситоиш карда, онро ҳимоят аз манфиати кулли мардуми Афғонистон хонд.
"Мо аз тариқи ин конфронсҳо мехоҳем ба ҷаҳон бирасонем, ки режими толибҳо қудрати эҷоди ваҳдату субот дар Афғонистонро надорад ва танҳо роҳ тан додани он ба хостаҳои мардум аст, то ҳам эътирофи дохилӣ ва ҳам байнулмилалиро касб кунад”, - гуфт ӯ.
Дар конфронси илмӣ, ки олимону коршиносони Тоҷикистону Афғонистон аз гӯшаву канори ҷаҳон ҳузуриву маҷозӣ суҳбат мекарданд, ин нукта борҳо садо дод, ки ҳудуди 20 созмони террористӣ ва паноҳ додани онҳо дар қаламрави Афғонистон вазъи амниятии минтақаро дар рӯбарӯи хатарҳои пешбининашаванда қарор додааст.
Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад. Солҳои ахир аз таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ борҳо изҳори нигаронӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0