https://sputnik.tj/20230817/rahmon-kudakon-yatim-maub-vmkb-tuhfa-taqdim-1058876767.html
Раҳмон ба 100 кӯдакони ятиму маъюби ВМКБ туҳфаҳо тақдим кард
Раҳмон ба 100 кӯдакони ятиму маъюби ВМКБ туҳфаҳо тақдим кард
Sputnik Тоҷикистон
Чун анъана раисҷумҳури кишвар зимни ҳар сафари кориаш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон хабар мегирад
2023-08-17T13:56+0500
2023-08-17T13:56+0500
2023-08-17T18:28+0500
дар тоҷикистон
раисҷумҳур
кӯдакони ятим
маъюб
туҳфа
тақдим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/11/1058876596_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_e0a28bd50afc4daa0c6bfb8b85c5c1c4.jpg
ДУШАНБЕ, 17 август — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, дар мулоқоти имрӯза раисҷумҳури кишвар ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидон маҳрум мондаанд, маҷмуи сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим кард.Таъкид шудааст, ки ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандон аз оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад ва барои беҳтар кардани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.Президенти кишвар бо кӯдакону наврасони ноҳияҳои вилоят суҳбати самимӣ кард, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, андӯхтани дониши замонавию касбу ҳунар ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд.Таъкид гардид, ки ҳукумати кишвар ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону ниёзмандон тавваҷҷуҳи ҳамаҷониба дорад. “Дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои давлату Ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ карда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу миллат хизмати шоиста намоянд”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20230817/idoma-safar-rahmon-khorugh-korkhona-poyafzol-sang-boz-1058871048.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/11/1058876596_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_bad419b0bb4541d189addca1d27e4910.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вмкб, раисҷумҳур, сафар, корӣ, аҳвол, ятимон, туҳфа, маъюб
тоҷикистон, вмкб, раисҷумҳур, сафар, корӣ, аҳвол, ятимон, туҳфа, маъюб
Раҳмон ба 100 кӯдакони ятиму маъюби ВМКБ туҳфаҳо тақдим кард
13:56 17.08.2023 (Навсозишуда: 18:28 17.08.2023) Чун анъана раисҷумҳури кишвар зимни ҳар сафари кориаш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон хабар мегирад
ДУШАНБЕ, 17 август — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, дар мулоқоти имрӯза раисҷумҳури кишвар ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидон маҳрум мондаанд, маҷмуи сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим кард.
Таъкид шудааст, ки ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандон аз оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад ва барои беҳтар кардани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Президенти кишвар бо кӯдакону наврасони ноҳияҳои вилоят суҳбати самимӣ кард, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, андӯхтани дониши замонавию касбу ҳунар ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд.
Таъкид гардид, ки ҳукумати кишвар ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону ниёзмандон тавваҷҷуҳи ҳамаҷониба дорад.
“Дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои давлату Ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ карда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу миллат хизмати шоиста намоянд”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.