https://sputnik.tj/20230817/rahmon-khorugh-idoma-safar-prezident-vmkb-1058867311.html
Раҳмон дар Хоруғ: идомаи сафари президент дар ВМКБ
Раҳмон дар Хоруғ: идомаи сафари президент дар ВМКБ
Sputnik Тоҷикистон
Дар зуҳри рӯзи дуюми сафари кории президенти Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ӯ аз маркази маъмурии вилоят боздид намуд
2023-08-17T09:00+0500
2023-08-17T09:00+0500
2023-08-17T12:52+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
иқтисод
хоруғ
боздид
эмомалӣ раҳмон
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058866773_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_f1bc15add5d5bd5bd4d4a49c6c4a72ed.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Дарвоз, Ванҷ ва Рошқалъа ба маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ омад. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бобарор анҷом ёфта, айни ҳол он дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ идома дорад. Дафтари матбуоти президент аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ тавсиф кардааст. Сокинони меҳмоннавози шаҳри Хоруғ сарвари давлатро дар фурудгоҳи “Боми ҷаҳон” ба таври хос гарму самимӣ ва бо шодию фараҳ истиқбол гирифтанд, азфуд манбаъ. Барои пазироии шоистаи меҳмони олимақом аҳли санъату ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро, ки саропо тараннуми сулҳу субот, хизматҳои беназири фарзанди баруманди халқи тоҷикро таҷассум менамуд, дар сатҳи баланди ҳунарӣ таҳия ва пешниҳод намуданд, омадааст дар иттилоия. Дафтари матбуоти президент таъкид намудаст, ки ҳар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - пайки шодию нишот ва созандагию ободонӣ мебошад.Дар доираи сафари ҷорӣ низ Эмомалӣ Раҳмон иншооти мухталифи таъйиноти гуногун, аз тандурустӣ то саноату маорифу фарҳангро мавриди истифода қарор медиҳад.
https://sputnik.tj/20230816/rahmon-sang-qimat-roshqala-nom-1058858599.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058866773_227:0:2047:1365_1920x0_80_0_0_0151844a5ea59db796b98d58423f164c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, президент, хоруғ, боздид, вмкб
эмомалӣ раҳмон, президент, хоруғ, боздид, вмкб
Раҳмон дар Хоруғ: идомаи сафари президент дар ВМКБ
09:00 17.08.2023 (Навсозишуда: 12:52 17.08.2023) Дар зуҳри рӯзи дуюми сафари кории президенти Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ӯ аз маркази маъмурии вилоят боздид намуд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Дарвоз, Ванҷ ва Рошқалъа ба маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ омад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бобарор анҷом ёфта, айни ҳол он дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ идома дорад.
Дафтари матбуоти президент аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ тавсиф кардааст.
Сокинони меҳмоннавози шаҳри Хоруғ сарвари давлатро дар фурудгоҳи “Боми ҷаҳон” ба таври хос гарму самимӣ ва бо шодию фараҳ истиқбол гирифтанд, азфуд манбаъ.
Барои пазироии шоистаи меҳмони олимақом аҳли санъату ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро, ки саропо тараннуми сулҳу субот, хизматҳои беназири фарзанди баруманди халқи тоҷикро таҷассум менамуд, дар сатҳи баланди ҳунарӣ таҳия ва пешниҳод намуданд, омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти президент таъкид намудаст, ки ҳар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - пайки шодию нишот ва созандагию ободонӣ мебошад.
Дар доираи сафари ҷорӣ низ Эмомалӣ Раҳмон иншооти мухталифи таъйиноти гуногун, аз тандурустӣ то саноату маорифу фарҳангро мавриди истифода қарор медиҳад.