https://sputnik.tj/20230816/rahmon-sang-qimat-roshqala-nom-1058858599.html
Супориши президент дар мавриди сангҳои қиматбаҳои Помир
Супориши президент дар мавриди сангҳои қиматбаҳои Помир
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар ноҳияи Роштқалъа изҳори норозигӣ кард
2023-08-16T17:58+0500
2023-08-16T17:58+0500
2023-08-16T20:59+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
роштқалъа
эмомалӣ раҳмон
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101824/65/1018246547_0:448:2047:1599_1920x0_80_0_0_b2a4468321c643538402b788f23c72b6.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Аз ҳисоби сангҳои гаронбаҳо ва ороишии ноҳияи Роштқалъа метавон ҳаҷми тавлиду содироти маҳсулоти саноатии ноҳияро зиёд кард. Ин нуктаро президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот сокинони Роштқалъа баён дошта, аз вазъи феълии саноат дар ноҳия изҳори норозигӣ намуд. "Ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти саноатии ноҳия тайи ду даҳсолаи охир ҳамагӣ 35%, яъне аз 2,6 млн сомонии соли 2000-ум то 3,5 млн сомонӣ дар соли 2022 афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.Раҳмон таъкид намуд, ки нишондиҳандаи зикршуда, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи ноҳия қонеъкунанда нест ва ба талаботи ҳадафи стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ намебошад. Вай барои ислоҳи вазъ ба масъулин супориш дода, зикр намуд, ки дар ҳудуди ноҳия конҳои гуногуни канданиҳои фоиданок, аз ҷумла - сангҳои қиматбаҳову ороишӣ мавҷуданд. Раисҷумҳур роҳбарияти вилояту ноҳияро якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муваззаф кард, ки барои таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20230801/nabard-litiy-tilloi-tojikiston-1058584639.html
роштқалъа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101824/65/1018246547_0:256:2047:1791_1920x0_80_0_0_ec31463a0bcbce3041aaf15e28ebc62f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, президент, сангҳо, қиматбаҳо, эмомалӣ раҳмон
эмомалӣ раҳмон, президент, сангҳо, қиматбаҳо, эмомалӣ раҳмон
Супориши президент дар мавриди сангҳои қиматбаҳои Помир
17:58 16.08.2023 (Навсозишуда: 20:59 16.08.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар ноҳияи Роштқалъа изҳори норозигӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Аз ҳисоби сангҳои гаронбаҳо ва ороишии ноҳияи Роштқалъа метавон ҳаҷми тавлиду содироти маҳсулоти саноатии ноҳияро зиёд кард.
Ин нуктаро президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот сокинони Роштқалъа баён дошта, аз вазъи феълии саноат дар ноҳия изҳори норозигӣ намуд.
"Ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти саноатии ноҳия тайи ду даҳсолаи охир ҳамагӣ 35%, яъне аз 2,6 млн сомонии соли 2000-ум то 3,5 млн сомонӣ дар соли 2022 афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.
Раҳмон таъкид намуд, ки нишондиҳандаи зикршуда, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи ноҳия қонеъкунанда нест ва ба талаботи ҳадафи стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ намебошад.
Вай барои ислоҳи вазъ ба масъулин супориш дода, зикр намуд, ки дар ҳудуди ноҳия конҳои гуногуни канданиҳои фоиданок, аз ҷумла - сангҳои қиматбаҳову ороишӣ мавҷуданд.
"Аз ҷумла лоҷвард, рубин, гранат, квартс, аквамарин, турмалин, мармар ва монанди инҳо мавҷуданд, ки истихроҷ ва коркарди онҳо ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти саноатӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав мусоидат менамояд", - гуфт президент.
Раисҷумҳур роҳбарияти вилояту ноҳияро якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муваззаф кард, ки барои таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.