Мушкили раводиди ҷудокорони тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳо дар Аврупо

© Sputnik Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Обуна шудан
Бархе аз ҷудокорони Тоҷикистон, ки бояд кишварро дар мусобиқаи байналмилалии Zagreb Grand Prix 2023 дар Хорватия иштирок мекарданд, раводид нагирифтаанд
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Тоҷикистонро дар Zagreb Grand Prix 2023, ки бояд 5 нафар намояндагӣ мекарданд, ҳамакнун 2 нафар муаррифӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои масъулини бахши варзиши Тоҷикистон, се ҷудокори тоҷик наметавонанд дар Zagreb Grand Prix 2023 ширкат кунанд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бузург мебоист 5 нафар намояндагӣ кунанд, аммо бо сабаби мушкили раводид Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов рафта наметавонанд.
Ҳамакнун, ба ин мусобиқа аз Тоҷикистон танҳо Обид Ҷебов ва Ҷаҳонгир Маҷидов мераванд, иттилоъ додаст Федератсияи ҷудои кишвар.
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Мақомҳои нави ҷудокорони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ баъди бурду бохт дар Маҷористон
Мусобиқа аз 18-ум то 20-уми август дар шаҳри Загреби Хорватия бо ширкати беш аз 560 ҷудокор аз 88 кишвари дунё доир мешавад. Барои иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, қариби 340 мард ва зиёда аз 220 зан номнавис шудаанд.
Рақобатҳо чун анъана дар ҳафт вазн миёни мардон ва дар 7 вазн миёни бонувон сурат мегирад.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Аз ҷумла ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 3 ҳазор евро, барандагони медали нуқра 2 ҳазор евро ва барандагони медали биринҷӣ 1 ҳазор евро мукофотпулӣ мегиранд.
Мушкили раводид бори аввал нест, ки монеаи иштироки ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаҳо дар Аврупо мегардад. Қаблан ҷудокори тоҷик, Сомон Маҳмадбеков ба далели мушкили раводид натавонист дар мусобиқа дар Маҷористон иштирок намояд.
Лентаи хабарҳо
0