Бо дафу мусиқӣ: Истиқболи Раҳмон дар шаҳри Хоруғ – видео

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъа ба маркази маъмурии ВМКБ — шаҳри Хоруғ омад
Сокинони шаҳри Хоруғ раисҷумҳурро дар фурудгоҳи “Боми ҷаҳон” ба таври хос гарму самимӣ ва бо шодию фараҳ истиқбол гирифтанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, ки барои пазироии кишвардор аҳли санъату ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро, ки саропо тараннуми сулҳу субот, хизматҳои беназири фарзанди баруманди халқи тоҷикро таҷассум менамуд, дар сатҳи баланди ҳунарӣ таҳия ва пешниҳод карданд.
Раҳмон дар Хоруғ: идомаи сафари президент дар ВМКБ
Дафтари матбуот ёдовар шудааст, ки ҳар як ташрифи Президент ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайки шодию нишот ва созандагию ободонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тайи се рӯз аст, ки раисҷумҳури кишвар ба минтақаҳои гуногуни ВМКБ сафар дорад. Дар ин сафари худ кишвардори Тоҷикистон чандин иншооти гуногунро ифтитоҳ кард.
Лентаи хабарҳо
0