https://sputnik.tj/20230812/rasonaho-anqara-kat-amaliyot-ukraina-miyonarav-1058792439.html
Расонаҳо: Анқара омодааст барои қатъи амалиёт дар Украина миёнаравӣ кунад
Расонаҳо: Анқара омодааст барои қатъи амалиёт дар Украина миёнаравӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби Туркия омода аст, ки барои қатъи сареъи амалиёти ҷангӣ ва ба даст овардани вазъи осоишта дар Украина миёнаравӣ кунад
2023-08-12T16:20+0500
2023-08-12T16:20+0500
2023-08-12T16:30+0500
дар ҷаҳон
туркия
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0d/1057091698_0:0:4399:2475_1920x0_80_0_0_bb44d193644a7227da56166607bbcd31.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. То ҳол дар мавриди даври нави машваратҳои Туркия оид ба ҳалли муноқишаи Украина тасмими мушаххасе нест, аммо ҷониби Туркия омода аст, ки ҳамчун миёнарав амал кунад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбаи дипломатӣ хабар дод.Феълан ягон роҳҳалли аниқ мавҷуд нест, танҳо пешниҳодҳо барои баррасии ин масъала ҷо доранд, таъкид намуд манбаъ.Ба гуфтаи вай, ҷониби Туркия омода аст, ки барои ҳарчи зудтар қатъи амалиёти ҷангӣ ва ба даст овардани вазъияти осоишта миёнаравӣ кунад. Тавре президент Эрдуғон борҳо изҳор доштааст, Туркия омода аст барои расидан ба сулҳ ҳама гуна талоши миёнҷигариро анҷом диҳад. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 6-7 август дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ музокироти дурӯза баргузор шуд, ки дар он намояндагони 30 кишвари ҷаҳон талош карданд, ки дар мавриди ҳалли вазъ дар Украина тасмим бигиранд.Дар ҳамин ҳол Пекин пешниҳоди ба инобат гирифтани хатҳои сурх ва ҳарос аз Русияро дар ин баҳсҳо кардааст. Чин бори дигар тарҳи сулҳи 12 бахшро барои ҳалли низоъ байни Русия ва Украина тавсия дод.
https://sputnik.tj/20230529/erdughon-vada-tarh-peshnihod-putin-amali-1057410991.html
туркия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0d/1057091698_0:0:3909:2932_1920x0_80_0_0_1eef685af02043cbf0e761d7bfdc7755.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анқара украина миёнарав
Расонаҳо: Анқара омодааст барои қатъи амалиёт дар Украина миёнаравӣ кунад
16:20 12.08.2023 (Навсозишуда: 16:30 12.08.2023) Ҷониби Туркия омода аст, ки барои қатъи сареъи амалиёти ҷангӣ ва ба даст овардани вазъи осоишта дар Украина миёнаравӣ кунад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. То ҳол дар мавриди даври нави машваратҳои Туркия оид ба ҳалли муноқишаи Украина тасмими мушаххасе нест, аммо ҷониби Туркия омода аст, ки ҳамчун миёнарав амал кунад.
Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбаи дипломатӣ хабар дод.
Феълан ягон роҳҳалли аниқ мавҷуд нест, танҳо пешниҳодҳо барои баррасии ин масъала ҷо доранд, таъкид намуд манбаъ.
Ба гуфтаи вай, ҷониби Туркия омода аст, ки барои ҳарчи зудтар қатъи амалиёти ҷангӣ ва ба даст овардани вазъияти осоишта миёнаравӣ кунад.
Тавре президент Эрдуғон борҳо изҳор доштааст, Туркия омода аст барои расидан ба сулҳ ҳама гуна талоши миёнҷигариро анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 6-7 август дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ музокироти дурӯза баргузор шуд, ки дар он намояндагони 30 кишвари ҷаҳон талош карданд, ки дар мавриди ҳалли вазъ дар Украина тасмим бигиранд.
Дар ҳамин ҳол Пекин пешниҳоди ба инобат гирифтани хатҳои сурх ва ҳарос аз Русияро дар ин баҳсҳо кардааст. Чин бори дигар тарҳи сулҳи 12 бахшро барои ҳалли низоъ байни Русия ва Украина тавсия дод.